Кормандони Агентӣ дар пойтахт иншоотҳоро супориданд

0
1266

1 июл дар маҳаллаи 42-юми пойтахт маросими супоридани як қатор иншоот бо иштироки роҳбарияти Ҳукумати шаҳр ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт, инчунин ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш тасмим гирифта буд, ки дар маҳаллаи 42-юми ноҳияи Фирдавсии пойтахт як қатор иншоотҳоро сохта ва ба сокинони пойтахти кишвар тақдим намояд, аз ҷумла:

1072017-2– майдончаи футболбозӣ дар масоҳати 750 метри мураббаъ;
– майдончаи бозиҳои кӯдакона ва машқи бадан дар масоҳати 40 метри мураббаъ;
– ҳавзи шиноварии кӯдакона дар масоҳати 333 метри мураббаъ;
– майдони сайругашт дар масоҳати зиёда аз 1000 метри мураббаъ;
– таваққуфгоҳи мошинҳои сабукрав дар масоҳати зиёда аз 200 метри мураббаъ.
Ҷиҳати саривақт сохта ва ба истифода додани ин иншоотҳо дар маҳаллаи 42 аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовар як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Инчунин, бо ташаббуси кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ин майдончаҳо 5 дарахти калони каштан ва зиёда аз 100 дарахти арча шинонда шуд.
Дар майдони 827 метри квадратӣ сабза (газон) кошта шуд. Дар гирду атрофи майдонча гулҳои ороишии мавсимӣ дар масоҳати 42 метри мураббаъ шинонда шуданд.
Зиёда аз 120 метр роҳравҳо барои сайру гашти сокинони маҳалла ва айвони истироҳатӣ (беседка) барои 15 ҷойи нишаст бо тахтасангҳои ороишӣ густурда шуданд.
Роҳбарияти Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои супорида шударо аз назар гузаронида, ба сифати иҷрои он баҳои сазовор гузоштанд.

1072017-3

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД