Кормандони Агентӣ малакаи худро нисбати омода сохтани санадҳои меъёрӣ такмил медиҳанд

0
1222

4 май дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ семинари серӯза дар мавзӯи “Такмил додани фаъолияти эҷодкории ҳуқуқии АНМН” оид ба омӯзиши таҷрибаи пешоҳанг бо мақсади такмил додани фаъолияти эҷодкории ҳуқуқӣ баргузор гардид, ки дар он 20 корманди Дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои вилоятии Агентӣ иштирок менамоянд. Семинар мутобиқи нақшаи Гурӯҳи Байналмилалии корӣ бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар доираи лоиҳаи “Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) Тоҷикистон – Марҳилаи II (TAJ/H03) ташкил карда шуд.

Ба ҳайси омӯзгорон мутахассисони Маркази миллии қонунгузории ҶТ ва Вазорати адлияи ҶТ даъват шудаанд.

Кормандони Агентӣ мафҳумҳо ва принсипҳои асосии фаъолияти эҷодкории ҳуқуқӣ, тамоюлҳои асосии такмил додани қонунгузорӣ, усулҳои банақшагирӣ ва таҳияи санадҳои ҳуқуқиро меомӯзанд.

Дар хотима ба иштирокчиёни семинар сертификатҳо супорида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД