Кормандони Агентӣ расонидани кӯмаки аввалияи тиббиро меомӯзанд

0
1369

31 октябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ машғулият оид ба расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ҳангоми заҳролудшавӣ бо воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ, маводҳои нашъаовари синтетикӣ ё спайсҳо баргузор гардид.

Машғулиятро мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи М. Ғуломов – Рустам Шарипов ва Аскаралӣ Раҷабов гузарониданд. Дар рафти машғулият ба кормандони Агентӣ иттилоот оид ба намудҳои нави маводи нашъаовари синтетикӣ, депрессантҳо, омехтаҳои тамокукашӣ пешкашҚ карда шуд.

Мутахассисони Маркази наркологӣ ба кормандони Агентӣ дар бораи аломатҳои зоҳирии заҳролудшавӣ аз маводи нашъаовар, хумор, гирифтори бемориҳои сироятӣ ҳангоми истеъмоли тазриқии маводи нашъаовар нақл намуданд.

Дар хотима мубодилаи афкор ва таҷрибаи корӣ дар соҳаи мазкур сурат гирифт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД