Кормандони Агентӣ дар кори семинар оид ба пешгирии нашъамандӣ итирок намуданд

0
1054

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар кори семинар бахшида ба марҳилаи шашуми Барномаи пешгирии паҳншавии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ (CADAP 6), ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар кори он инчунин намояндагони идораҳои мухталифи давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва коҳиши зарар аз нашъамандӣ фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

Дар рафти семинар ба иштирокчиёни он иттилоот оид ба мақсади марҳилаи навбатии барномаи мазкур, ки ба таҳкими иқтидори мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар минтақа равона карда шудааст, пешкаш карда шуд.

Пешбинӣ шудааст, ки Барнома маҷмӯи корҳоро дар асоси принсипи пешгирии маҳаллии нашъамандӣ, ки дар доираи барномаҳои пешинаи CADAP дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия шуда буд, давом медиҳад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД