Кормандони АНМН дар Хитой омӯзиш менамоянд

0
1394

Бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ байни Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Чин даъват ба амал оварда шуд, ки афсарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар Семинари мубориза бо маводи мухаддири давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Академияи милитсияи Департаменти амнияти ҷамъиятии Синзян-ноҳияи мухтори Уйғур дар шаҳри Урумчӣ баргузор мегардад иштирок менамоянд.

Дар кори семинар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои зиддимухаддиротии Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон ишторок менамоянд.

Курси омӯзишӣ машғулиятҳои назариявӣ ва таҷрибавиро оид ба усулҳои мубориза бо маводи нашъаовар ва прекурсорҳо, омӯзиши таҷҳизотҳо оид ба муайян намудани маводи нашъаовар ва таҳлили вазъи нашъамандӣ дар минтақаро дар бар мегирад.

Баъди анҷоми семинар ба иштирокчиён сертификатҳо супорида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД