Корманди Агентӣ ҷои аввалро ишғол намуд

0
1163

Мухаддияров Фирдавс аз нахустин рӯзҳои дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муфаттиш ба фаъолият пардохтанаш аз худ дар баробари ҳамидахисоливу некрафторӣ ва дорои дониши баланди умумиву касбӣ будан, чун варзишгари комёб дар намуди дастхобонӣ (армрестлинг) дарак дод.

Мавсуф дар чандин мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, бо маҳорати баланд мақомҳои шоистаро касб намуд ва ба ифтихори Тоҷикистону тоҷикистониён афзудааст.

Боз як хушхабаре аз дастоварди варзишии Ф. Мухаддияров дар мусобиқаи маҳаллии навъи дастхобонӣ, ки бахшида ба 70-солагии Ғалабаи артиши шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мактаби маҳорати олию варзишии вилояти Суғд баргузор гардид, аҳли кормандони Раёсати Агентиро аз пешсафии ҳамкасби худ болидахотир ва ба дурнамои муваффақонаи номбурда дар арсаи варзиш хушбин сохт.

Ф. Мухаддияров дар мусобиқаи 10-умини анъанавии кушоди мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд дар намуди дастхобонӣ дар вазни 85 кг чӣ бо дасти рост, ва чӣ бо дасти чап ба ҳарифони худ дастболо шуда, ҷои аввалро ишғол намуд.

Ӯ азм дорад, ки маҳорати худро дар ин навъи варзиш боз ҳам сайқал дода, минбаъд дар мусобиқоти ҷаҳонӣ бо касбу мақомҳои боимтиёз миллату кишвари худро муаррифӣ кунад.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД