Корманди Агентӣ дар мусобиқа ҷои дуюмро ишғол намуд

0
1176

Мухаддияров Фирдавс аз нахустин рўзҳои дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳайси муфаттиш ба фаъолият пардохтанаш аз худ дар баробари ҳамидахисоливу некрафторӣ ва дорои дониши баланди умумиву касбӣ будан, чун варзишгари комёб дар намуди дастхобонӣ (армрестлинг) дарак дод. Мавсуф дар чандин мусобиќоти сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, бо маҳорати баланд маќомҳои шоистаро касб намуд ва ба ифтихори Тоҷикистону тоҷикистониён афзудааст.

Боз як хушхабаре аз дастоварди варзишии Ф. Мухаддияров дар мусобиќаи ҷумҳуриявии дастхобонӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони тамоми минтаќаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, аҳли кормандони Раёсати Агентиро аз пешсафии ҳамкасби худ болидахотир ва ба дурнамои муваффаќонаи номбурда дар арсаи варзиш хушбин сохт.

Ф. Мухаддияров дар мусобиќаи мазкур бо маҳорати баланди варзишӣ баромад намуда, дар варзиши намуди дастхобонӣ бо дасти чап дар вазни 85 кг ҳарифи худро маѓлуб намуда, ба гирифтани ҷои дуюм сазовор гардид.

Ў азм дорад, ки маҳорати худро дар ин навъи варзиш боз ҳам сайќал дода, минбаъд дар мусобиќоти ҷаҳонӣ бо касбу маќомҳои боимтиёз миллату кишвари худро муаррифӣ кунад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД