Корманди Агентӣ ғолиби мусобиқа гардид

0
1461

Корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Мухадияров дар мусобиқаи ҷумҳуриявии намуди дастхобонӣ дар байни калонсолон, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, иштирок намуда, дар вазни 80 кг ҷои аввалро ишғол намуд, дар вазни 85 кг бошад сазовори ҷои дуюм гашт.

Фирдавс Мухадияровро ҳайати шахсии Агентӣ бо ин муваффақияти назарраси варзишӣ табрик гуфта, ба ӯ дар ин ҷода комёбиҳои навбатӣ таманно менамоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД