Мутахассисони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия барои кормандони зиддимухадиротии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ таълим медиҳанд.

0
1258

20 сентябр дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ курси омӯзишии сайёр барои кормандони зиддимухадиротии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, ВКД ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба кори худ шурӯъ намуд.
Чорабинии мазкур дар асоси дархости Вазорати корхои дохилии Федератсияи Россия ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ пешбинӣ шуда дар он дастурдеҳон аз ҳисоби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷалб карда шудаанд.
Дар чорабинии мазкур 30 нафар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ ҷалб гардида, дар ин муддат табодули иттилоот менамоянд.
Баъди анҷоми курс аз иштирокчиён санҷиш қабул карда шуда, сертификати мутобиқ супорида мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД