Мусобиқаи варзишӣ дар ВМКБ

0
1616

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри пешгирии нашъамандӣ, ҳамзамон баҳри дар амал татбиқ намудани “Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо ташаббуси кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ санахои 13 ва 14 -уми августи соли ҷорӣ байни ҷавонони Вилояти Суғд ва ВМКБ мусобиқаи варзишӣ аз намуди муҳорибаи тан ба тан баргузор гардид.


Мақсади асосии гузаронидани мусобиқаи варзишӣ – ин ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва дур сохтан аз ҳар гуна кирдорҳои номатлуб мебошад.

Варзишгарони ВМКБ бо ҳисоби 5 бар 1 бар ҳарифонашон ғолиб баромаданд. Тасмим гирифта шуд, ки даври ояндаи мусобиқаи варзишӣ дар вилояти Суғд баргузор карда шавад.

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба иштирокдорони мусобиқа ифтихорномаҳо ва мукофотҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ изҳори сипос намуд.

Чорабинии варзишӣ аз тарафи кормандони телевизиони Бадахшон ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинон гардид.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 1000 нафар дӯстдорони варзиш иштирок намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД