Мусобиқаи варзишӣ таҳти шиори “Кикбоксинг зидди нашъамандӣ”

0
1494

26 декабри соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Федератсияи кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон мусобиқаи варзишии кикбоксингро таҳти шиори “Кикбоксинг – зидди нашъамандӣ” багузор намуданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Агентӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ш. Қурғонтеппа ва Федератсияи кикбоксинги ҶТ ширкат варзиданд, ки ба иштирокчиён ва тамошобинон оид ба мубориза бо маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Варзишгарон дар вазнҳои гуногун аз шаҳрҳои Қурғонтеппа, Ваҳдат ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ширкат варзида, 33 ғолиби ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм бо медалҳо, ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Агентӣ сарфароз гардиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД