Мусобиқаҳои варзишӣ дар Бадахшон

0
1203

Бахшида Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди нашъамандӣ бо ташаббуси кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ дар маҳаллаи ба номи С.Абдураҳмони ш.Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол баргузор гардид.

Бозингарони беҳтарин бо мукофотҳои хотиравӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ қадрдонӣ карда шуданд. Дар мусобиқа зиёда аз 80 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок намуда, ба ҳамаи иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба маводи нашъаовар тақсим карда шуданд.

Дар махаллаи УПД -и ш.Хоруғ байни чавонони ин маҳалла мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД