Мусобиқаҳои варзишӣ дар ВМКБ

0
1826

Баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020” 28 октябри соли равон аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо Бахши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия байни мактаббачагони деҳаҳои Қалъаи Хум, Даштак, Зинг ва Умараки ноҳияи Дарвоз мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол доир карда шуд, ки ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин мусобиқаи варзишӣ зиёда аз 150 нафар ҷавонон иштирок намуданд.


Ҳамзамон 31 октябри соли равон аз тарафи кормандони Шуъбаи н. Дарвози Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур байни синфҳои 5 ва 6-и мактабҳои № 1, 4, 5 ва 40-и ноҳияи мазкур чорабинии варзишӣ аз намуди шоҳмот баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 80 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок дошта, ба ғолибони ин чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи кормандони шуъбаи н. Дарвози Раёсати Агентӣ тақдим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД