Мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳри Красноярск

0
1123

Дар ибтидои моҳи ноябри соли 2015 дар Красноярск мусобиқаи варзишӣ дар намуди муҳорибаи тан ба тан баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Хадамоти Федеролӣ оид ба назорати маводи нашъаовари Россия ғалаба намуданд . Ҳайати даста аз 9 курсант ва 6 донишҷӯи факултаи тайёрии мутахассисони хориҷӣ иборат мебошанд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа зинаҳои болоиро дар вазни то 75 кг донишҷӯи курси 4-ум Шамил Ҳасанов ва дар вазни зиёда аз 90 кг донишҷӯи курси 3-ум Семен Онопин ноил гардиданд. Ҷои дуюмро дар вазни то 55 кг донишҷӯи курси 2-уми факултаи тайёрии мутахассисони хориҷӣ Умедҷон Азимов аз Тоҷикистон ишғол намуд.

Ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани нуфузи донишкадаашон истодагарӣ ва маҳорати варзишии хуб нишон доданд.

Дар донишкада инчунин бори аввал мусобиқаи варзишӣ дар намуди вазнбардорӣ доир гардид. Мусобиқаи мазкур марҳилаи навбатии Спартакиадаи ҳамасолаи Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Хадамоти Федеролӣ оид ба назорати маводи нашъаовари Россия ба ҳисоб меравад. Имсол дар мусобиқаҳо 43 варзишгарон иштирок намуданд. Ҷавонписаронро мебоист машқи дуҳарбаро бо гурзи вазнаш 24 кг ва духтаронро – бо такон додани гурзи 16 кг анҷом диҳанд.

Аз байни ҷавондухтарон Лисова Ксения – курсанти курси 4-ум – гурзи 16 кг-ро тавонист 61 маротиба бардорад ва сазовори ҷои якум гардад. Ҷои 2-ум насиби донишҷӯи факултаи тайёрии мутахассисони хориҷӣ Мардонова Муҳаббат (22 маротиба) гардид. Инчунин ҷои 3-умро намояндаи факултаи тайёрии мутахассисони хориҷӣ Сайдраҳмонова Миҷгона ишғол намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД