СӮЗОНИДАНИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР БУХОРИИ МАХСУСИ АГЕНТӢ

0
501

Ҳифзи солимии ҷомеа, хусусан ҷавонон аз нашъамандӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои авзалиятноки фаъолияти Агентӣ ба ҳисоб меравад.

Субҳи 20.09.2018 дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури Комиссияи махсус, ки аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таъсис ёфтааст, зиёда аз 247кг 777гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 40кг 131гр героин, 17кг 71гр афюн, 165кг 341гр ҳашиш, 24 кг 590 гр бангдона ва 86 гр ҳабҳои нашъадори синтетикии MDMA, ки оид ба мусодираи онҳо иҷроварақаи судӣ ворид гардидааст, тариқи сузонидан нобуд карда шуд.

Ҳамагӣ дар давоми соли ҷори аз 1 январ то ба имрӯз дар Агентӣ 2 тоннаю 558,777 кг маводи нашъаовар бо тарзи сузонидан нобуд карда шудааст, ки аз ин 357,619кг героин, 320,912кг афюн, 911,561кг бангдона, 968,41кг ҳашиш ро ташкил медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки паси ин рақамҳо ҷони садҳо ҷавонони ноогоҳ аз мубтало шудан ба бемории нашъамандӣ ҳифз гардидааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД