Тағйироту иловаҳои пешниҳодиро Парламони кишвар пазируфт

0
2264

17 апрели соли 2013 Ҷаласаи навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки якчанд лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.


Тағйироти пешниҳодӣ асосан ба моддаи 19 ин Қонун буд, ки “Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо” номида мешавад.
Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳое, ки аз муомилоти қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин асбобу таҷҳизоте, ки истифодаи минбаъдаи онҳо дар муомилот номатлуб дониста мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд”.
Дар бораи Лоиҳаи қонун дар назди вакилони мардумӣ Ҷонишини Раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва бехатарии парламон Саттор Холов ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров суханронӣ намуданд.
Директори Агентӣ аз ҷумла зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо дастури Президенти кишвар аз ҷониби Агентӣ таҳия гардид ва ҳадафи он такмили баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо мебошад.
Қабули ин ислоҳ дар Қонун асоси ҳуқуқиро барои омода намудани лоиҳаи “Тартиби баҳисобгирӣ, нигаҳдошт, мусодира ва нобудсозии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ҳамчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо” ба вуҷуд меорад, ки дар наздиктарин фурсат Агентӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Намояндагони палатаи поёнии парламон якдилона ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни мазкур овоз доданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД