ТАШРИФИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БА АГЕНТӢ

0
195

Санаи 03.11.2018 Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Зимни ин ташриф мулоқоти кории дуҷониба байни Директори Агентӣ ва Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардида, дар рафти он ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро миёни ду ниҳод дар самти назорати маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор доданд.

Директори Агентӣ ба меҳмони воломақом доир ба вазъи нашъамандӣ ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт маълумот доданд.

Ҳамчунин, шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд бо дастовардҳои Агентӣ дар самти назорати маводи нашъаовар шинос гардида, дар чорабинӣ оид ба бозёфти маводи нашъадор аз ҷониби сагҳои хизматии Агентӣ ва сузонидани маводи нашъаовар дар бухории махсуси Агентӣ иштирок намуд.

Дар хотимаи мулоқоти мазкур бо мақсади рушду тавсеи ҳамкорӣ байни Агентӣ ва ВКД-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки тамоми тадбирҳои судмандро дар самти ташкили муборизаи самаранок бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар меандешанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД