Ташрифи Сафири Арабистони Саудӣ ба Агентӣ

0
302

Санаи 26 октябри соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Абдулазиз Муҳаммад Албадӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои ба роҳ мондан ва рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба  дар самти назорати маводи мухаддир баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур Директори Агентӣ сараввал ба ҷаноби Сафир доир ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо маводи нашъаовар маълумоти мухтасар дод.

Баъдан дар ин мулоқот масаъалаҳои ба Агентӣ ташриф овардани Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бо ин мақсад ба имзо расонидани протоколи мулоқоти корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар охир ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки мулоқоти доиргардида ва ташрифи Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Агентӣ саҳифаи наверо дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти  ғайриқонунии маводи нашъаовар оғоз хоҳад кард.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД