Ташрифи Сафири Ҳиндустон ба Агентӣ

0
74

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, санаи 04 декабри соли 2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Сомнатҳ Гҳошро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрии мазкур Директори Агентӣ, ба ҷаноби Сафир ва ҳайати намояндагонаш оид ба сиёсати зиддимухадиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, онҳоро бо фаъолият ва дастовардҳои Агентӣ шинос намуданд.

Ҷаноби Сомнатҳ Гҳош аз чунин як пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати баррасии масъалаҳои ба роҳ мондан ва рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти назорати маводи мухаддир пешниҳод намуд.

Тарафҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои байни Агентӣ ва мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, барасии масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи бозомӯзии кадрҳо, ташкил ва гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ ва курсҳои махсусгардонидашударо муҳокима намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД