ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН БА АГЕНТӢ

0
248

Санаи 29 ноябри соли 2018 ҳайати расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар Ҷунушалиев Кашкар Астаканович  бо мақсади анҷом додани мулоқоти корӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар рафти мулоқот тарафҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар баррасӣ намуда, бо мақсади тақвият ва густариши ҳамкориҳои судманд дар ин самт Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро ба имзо расониданд.

Мақсад аз баимзорасонии Созишномаи мазкур ин боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа мебошад.

Дар хотимаи мулоқот тарафҳо иброз намуданд, ки танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ, мо метавонем бар зидди хатарҳои замони муосир, аз қабили муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мубориза бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД