Барномаи телевизионӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
1544

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва нақша чорабиниҳои якҷояи РАНМН-и назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон бо Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон барои 2015 сол, аз тарафи “ТВ Хатлон” бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти миллии ҶТ барномаи пешгирикунандаи нашъамандӣ “Дунёи ҷавонӣ” ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинони вилоят гардид.

Дар барномаи мазкур намояндагони Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, корҳои дохилӣ, адлия, инчунин комиссариати ҳарбӣ ва маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО, маркази бемориҳои нашъамандии вилоят иштирок доштанд.

Дар рафти барнома намояндаи РАНМН-и нази Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар суханронии худ қайд намуд, ки то имрӯз дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олии вилоят як қатор вохӯриҳо, сӯҳбатҳо ва дигар чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шудаанд.

Инчунин Сардори маркази наркологии вилоят оид ба вазъи нашамандӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот пешниҳод намуданд, ки дар ҳудуди вилоят 1418 нафар беморони нашъаманд ба қайд гирифта шудааст ва 19 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Дар барнома як гурӯҳ донишҷӯёни коллеҷу донишгоҳҳои вилоят иштирок доштанд ва ба меҳмонони ин барнома саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои дақиқ гирифтанд.

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД