Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

0
1691

5 сентябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Агентӣ, инчунин меҳмонон иштирок намуданд.


Директори Агентӣ Шерхон Салимзода дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ баромад намуда, қайд карданд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як силсила дастовардҳо, аз ҷумла таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдорӣ ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон ноил гардидааст, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлол ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Дар ҷаласа инчунин фармоишҳои Директори Агентӣ дар бораи ҳавасманд намудани ҳайати шахсии Агентӣ қироат карда шуд. Ба афсарони Агентӣ рутбаҳои навбатии махсус, медалҳо, нишонаҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД