Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

0
2074

7 сентябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Агентӣ иштирок намуданд.
Дар баромадҳо қайд гардид, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар зарфи бисту шаш соли истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як силсила дастовардҳо, аз ҷумла таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдорӣ ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон ноил гардидааст, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлол ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Мардуми Тоҷикистон Рӯзи истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ ҳар сол ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.
Дар ҷаласа инчунин фармоишҳои Директори Агентӣ дар бораи ҳавасманд намудани ҳайати шахсии Агентӣ қироат карда шуд. Ба афсарони Агентӣ рутбаҳои навбатии махсус, медалҳо, нишонаҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуданд. IMG_1490

IMG_1679

http://akn.tj/plus_wpgallery/торжественное-со…в-честь-26-летия/

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД