Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ

0
427

26 июни соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.

IMG_7497

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардумии кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Ба шарофати сулҳу субот ва хиради мардум аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати тоҷик, пешгирӣ карда шуд.

IMG_7520

Сипас дар мавзӯи “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини сардори Ситоди Агентӣ бо маърӯза баромад намуд.

Дар маърӯза давраҳои музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, нақши Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар хотима додани ҷанги дохилӣ ва таъмини Ваҳдати миллӣ ироа карда шуданд.

Инчуни кормандони таҷрибадори Агентӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуданд, хотироти худро аз ҳодисаву воқеоте, ки бевосита иштирокчии онҳо буданд, ба ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ ва расидан ба қадри сулҳу суботи комил баён намуданд.

IMG_7549

Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони ҷавони Агентӣ баромад намуда, иброз намуданд, ки имрӯз мо кормандони ҷавон ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати созанда ва мактаби сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри суботи сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ  кору фаъолият менамоем.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД