Торжественное собрание, приуроченное ко дню образования Вооруженных Сил Республики Таджикистан

0
1405

23 феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода, сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҳайати шахсии Агентӣ иштирок намуданд.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода дар баромади худ тамоми ҳайати шахсиро бахшида ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, таъкид намуд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон 23-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд.


Тӯли ин солҳо барои Артиши миллии Тоҷикистон, давраи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерин буд.

Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он артише, ки дорои техникаву таҷҳизоти номукаммал буд, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад.

Дар хотима роҳбари Агентӣ ҳайати шахсиро ба хизмати софдилонаю содиқона даъват намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД