Агентӣ хабар медиҳад

0
1215

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо андӯҳи зиёд хабар медиҳад, ки 13 январи соли 2015  дар соли 63-юми умр муовини аввали Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Вайсиддин Азаматов аз олам чашм пӯшид.

Азаматов Вайсиддин Азаматович 25 декабри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳоло вилояти Хатлон) таваллуд шудааст. Аз соли 1971 то 1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар Қазоқистон хизмат намудааст. Аз соли 1979 то 1983 дар Мактаби олии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тошканд таҳсил намуд. Аз соли 1984 то 2001 дар вазифаҳои гуногун дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудааст.

Аз соли 2001 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вазифаи сардори Раёсат дар вилояти Хатлон ва аз соли 2007 дар вазифаи муовини аввали Директор кор намудааст.

Солҳои навадум Вайсиддин Азаматов дар ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда буд.

Вайсиддин Азаматов бо як қатор мукофоти ҳукуматӣ, аз ҷумла бо медали «Хизмати шоиста», инчунин мукофотҳои идоравӣ қадр гардидааст.

Дар хотираи ҳамкорон Вайсиддин Азаматов ҳамчун инсоне нақш мемонад, ки умри безаволи худро баҳри хизмат ба Ватан бахшидааст.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба хешовандон ва наздикони генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Азаматов Вайсиддин Азаматович изҳори ҳамдардӣ менамоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД