БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ САЛОҲИЯТДОРИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ДАР ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ

0
960

Аз санаи 14 то 17  майи соли 2018 дар шаҳри Пекин ва Тянзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой –ҷаласаи коршиносони аршад ва Машварати навбатии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ, ки дорои ваколати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд, баргузор гардид, ки дар кори он лоиҳаи “Стратегияи зидди маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2018-2023” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласаи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Лю Юэтсзин ва Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов кушоданд.

Дар рафти чорабинӣ табодули афкор оид ба вазъи вобаста бо маводи нашъадор дар давлатҳои аъзои СҲШ сурат гирифт.

425825

Чорабинӣ таҳти раёсати роҳбарияти Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва бо иштироки роҳбарони мақомоти зиддимухадиротии ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Покистон ва Федератсия Россия доир гадид.

Дар ҷаласаи мазкур бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазо Ҳайдарзода ва сардори Шуъбаи Агентӣ  Алишер Ташрифӣ иштирок намуданд.

426099

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД