Боздошти як нафар шаҳрванд дар шаҳри Кӯлоб

0
1360

7 январ кормандони Шуъбаи Байниноҳиявии Гурӯҳи Ноҳияҳои Кулоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллиро боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи ӯ як бастаи селлофанӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он 50 адад маводи чоркунҷашакл мавҷуд буд.

Экспертизаи судӣ муайян намуд, ки маводи боздоштшуда гашиш мебошад.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 2 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Боздоштшуда ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Шуъба ворид карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД