Боздошти як нафар қочоқчӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

0
1138

Рӯзи якуми январи соли 2015 дар асоси хабари оперативӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар қитъаи отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.

Як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон иборат аз шаш нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гаштанд. Ҳангоми аз тарафи кормандони Агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик дастгир намудан, онҳо муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд. Аз рӯи маълумот, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳ як нафар қочоқчии афғон захмӣ гардид. Қочоқчиёни боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд ва захмиро ҳамроҳи худ бурданд.

Дар ҷои ҳодиса кормандони Агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик гилзаҳои тири силоҳи оташфишон, ду телефони мобилӣ ва як халта ошкор намуданд, ки дар дохили он 12 баста бо маводи қаҳваранги бӯи махсус дошта ҷойгир буд.

Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи боздоштшуда афюн буда, вазни он 11 кг 838 граммро ташкил менамояд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаҳои 200 қ. 4, 289 қ.2 ва 335 қ. 2 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон, “Қочоқ” ва “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст”.

Дар ҷои ҳодиса тафтишот рафта истодааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД