Бо иродаи қавӣ алайҳи нашъамандӣ. Сирати зебо – нерӯи тавоно.

0
1780

Инсонро барҳақ зеботарин офаридаи Худованд медонанд, зеро дар баробари ҳусни зоҳирӣ ба ӯ сирати зебо низ насиб гардидааст. Сирати зебо ё ҳусни ботинии инсон дар ақлу заковат ва рафтору кирдори ҳамидаи ӯ инъикос меёбад ва ин зебоии воқеиро бе илму маърифат тасаввур кардан номумкин аст. Сирати зебо ҳамчун нерӯи тавоно дар ҳалли мушкилоти рӯзгор ба инсон кӯмак менамояд. Инсони нексирату соҳибмаърифат метавонад бо мушкилоти зиндагӣ дуруст бархӯрд намуда, худ ва наздиконашро аз сарсониву саргарониҳо ҳифз намояд. Аммо, мутаассифона

, дар ҷомеа нафароне ҳам ҳастанд, ки аз донишу маърифат канораҷӯӣ намуда, дар интихоби роҳи дуруст оҷиз мемонанд ва ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ ва ҳатто наврасӣ по ба арсаи бадномию ҷинояткорӣ мегузоранд. Маҳз донишу маърифати нокифояи ин зумра ҷавонону наврасон боис мегардад, ки онҳо ба корҳои номатлуб даст зада, худро ба мушкилот ва наздиконро ба ғаму андӯҳ мубтало созанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлубе, ки шумораи зиёди ҷавонону наврасонро дар саросари олам гирифтор намудаву доираи таъсири худро ҳамарӯза густариш медиҳад, нашъамандӣ ба ҳисоб меравад.

04042016nar

Имрӯз шояд тамоми аҳолии сайёра то ҷое аз натиҷаву оқибатҳои нашъамандӣ огаҳӣ доранд, то ба куҷо расидани кори нашъамандро дарк мекунанд ва аз ташвишҳои эҷоднамудаи нашъаҷаллобону истеъмол-кунандагони ин маводи марговар хабардоранд, аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам нафарони зиёде ин маводи марговарро ба қиммати ҷон харидорӣ мекунанд. Албатта, ҳар як нашъаманд дар нимароҳи кори худ аллакай пай мебарад, ки идомаи кори ӯ бадбахтии наздикон, касодии молӣ, вайронии оила, аз даст додани обрӯю эътибору саломатӣ ва аз ҳама муҳимтар анҷоми фоҷиабор, яъне марги бармаҳали ӯст. Ин нафарон мехоҳанд дигар аз роҳи хато баргарданд, аммо дар аксар ҳолат пай мебаранд, ки дигар дер шудааст, зеро агар дар оғози ин роҳ онҳо донишу маърифати кофӣ надоштанд, акнун дигар якҷоя бо саломатӣ иродаи худро низ аз даст додаанд, иродаеро, ки ҳамчун нерӯи бузург метавонист онҳоро аз марг наҷот диҳад. Аз ин рӯ, зиёд мушоҳида мешавад, ки нафарони аз нашъа дасткашида баъди фурсати начандон зиёд роҳи халосӣ аз дарду ғам, танҳоӣ, маъюсӣ ва мушкилоти рӯзгорро боз дар истеъмоли нашъа ҷӯё мешаванд.

Бо он ки худи нашъамандон кӯшиши халосӣ доранд, бо он ки наздикон онҳоро мавриди ғамхорию сарпарастӣ қарор медиҳанд, бо он ки давлат ва ҷомеа корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд, аммо боз ҳам шумори мубталоёни маводи мухаддир рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7313 нафар (189 нафар зан) ҳамчун нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 2452 нафарро ҷавонони аз 18 то 34-сола ташкил медиҳад.

Аксаран ашхосе, ки ин маводро истеъмол менамоянд, бар ин андешаанд, ки аз ғаму дард ва мушкилоти зиндагӣ худро раҳо месозанд. Ва маҳз бо ҳамин фикри хом худро мубталои ҳамешагии маводи мухаддир месозанд. Бештари истеъмолкунандагони маводи мухаддир дигар рафтору кирдори худро таҳлил ва идора карда наметавонанд, зеро ин мавод ақли онҳоро тира ва иродаи онҳоро заиф менамояд. Инсони бехирад ва беирода бошад метавонад ҳар лаҳза ба ғорату куштор ва дигар амалҳои разил даст занад.

Ҳарчанд чораҷӯии мақомоти дахлдор, ғамхорию меҳрубонии наздикон барои наҷоти нафарони раҳгумзада натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад, аммо беҳтарин воситаи халосӣ аз маводи мухаддир дар ихтиёри ҳар як нафари алоҳида қарор дорад, зеро мусаллам аст, ки тақдири ҳар як инсонро худи ӯ сомон медиҳад. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки иродаи худро дар партави ғояҳои баланди инсонӣ аз қабили башардӯстию ватанпарварӣ, ҳуввияти миллию хештаншиносӣ обу тоб дода, бо истифода аз дастовардҳои беҳтарини инсоният дар самти донишу маърифат ва ахлоқи некуву зебоипарастӣ ба тарбияи шахсии худ машғул гарданд.

 

Дар шароити имрӯза, ки падидаҳои муҳлике аз қабили нашъамандию бемориҳои ҷинсӣ ва гирифториҳои равонӣ хеле зиёд хуруҷ кардаанд, ҷавонони моро зарур аст, ки таҳти шиори “Ояндаи кишвар дар дасти ҷавонони солим!” ба ҳам омада, барои сохтани ояндаи равшану зебо ва шукуфо камари ҳаммат банданд, зеро ин гуна шиорҳо на сухани пурдаъво, балки ҳақиқати бебаҳсанд, ки моро ба саодати рӯзгор мепайванданд.

Нозири Шӯъбаи назорти муомилоти

маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ

капитани х.н.м.н. Алиёрова Н.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД