БУНЁДИ БОЗ ЯК МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

0
818

1-июни соли 2018 дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 19-умин солгарди таъсисёбии Агентӣ ва Рӯзи муҳофизати кӯдакон маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ дар шаҳраки 63 и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

m-2

Иншооти мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар пайгирӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат бо қувваи кории кормандони Агентӣ сохта ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакону сокинон таъмин мебошад.

m-3

Майдончаи варзишӣ универсалӣ буда, барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, гӯшаи машқу тамрини бадан ва инчунин таввақуфгоҳи автомашинаҳо дар атрофи он бунёд гардидааст. Ҳудуд ва атрофи майдонча сабзкорӣ шуда, дар ду ҷониби он  нишасткурсиҳо ва қуттиҳои партов насб гардидааст. Дар доираи корҳои кабудизоркунӣ ниҳолҳои ороишӣ, дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудааст, ки ин мавзеъро боз ҳам зебову назаррабо менамояд.

m-4

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин як макони истироҳату фароғат бо шароити зарурӣ, мушкилоти бошандагони биноҳои истиқоматии №85,87,89  шаҳраки 63 и ноҳияи Фирдавсии пойтахтро аз байн бурда, барои хурсандиву нишоти ҳамешагии кўдакону наврасон боис гардид.

m-5

Мусаллам аст, ки варзиш яке аз машғулиятҳои фоидабахш барои саломатӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, хусусан оворагардӣ ва нашъамандӣ дар байни ҷавонону наврасон ба шумор меравад.

m-6

Сокинони маҳалла ин иқдомро самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба аҳолӣ ва махсусан ҷавонон, ки насли ояндасози мамлакат ба ҳисоб мераванд маънидод намуда аз бунёди чунин як иншооти солимгардонӣ ва фароғатии кӯдакон хушҳол буданду ба дастандаркорон изҳори минатдории бепоёни баён намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД