«Варзиш зидди маводи мухаддир»

0
1223

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабуки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи ба номи С.Айнии шаҳри Душанбе мусобиқаи оид ба варзиши сабук бо шиори «Варзиш зидди маводи мухаддир» баргузор намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки мақсади мусобиқа – ин ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти варзишгарони ҷавон барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ мебошад.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук, Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпӣ, варзишгарони ш.Турсунзода ва ноҳияи Мӯъминобод иштирок намудаанд. Варзишгарон ҳангоми мусобиқа масофаҳои 1км, 2км, 4км, 6км, 8км ва 12км тай кардаанд.

Ғолибони мусобиқа аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ бо тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шудаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД