ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ БО ДОНИШҶӮЁН ВА САРБОЗОН

0
1129

Аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо донишҷӯён ва сарбозони Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Тибқи нақша чорабиниҳои Агентӣ, ҷиҳати тарғибу фаҳмондадиҳии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 22 декабри соли 2017 ва дар ин замина пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, ҳифзи арзишҳои фарҳангиву миллӣ, пешгирии нашъамандӣ, муқовимат ба коррупсия, экстремизм ва терроризм, вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон сӯҳбат доир гардид.

DSC00824

Кормандони Агентӣ дар баромади худ иброз доштанд, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд сулҳу суботи Ватани азизамонро болотару волотар аз ҳамагуна хушбахтӣ дониста, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллати хеш бошанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД