ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ

0
1229

Санаи 12 апрели соли ҷорӣ кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади баргузории вохӯрӣ бо ҳайати шахсӣ, ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, оид ба пӯшидани либос, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановати аҷдодонамон сӯҳбат намуда, тарзи дурусти либоспӯширо инъикоси маданият, маърифат ва ифодагари умеду орзуҳои миллӣ иброз доштанд.

Инчунин, оид ба эҳтиром ва нақши зан дар оила ва ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи инсондӯстӣ, муҳаббат ба арзишҳои волои инсонӣ, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, риояи қонунҳо “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баромадҳои ҷолибу пурмазмунро ироа намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД