16 январ дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кормандони прокуратураи ҳарбии вилоят дар ҳудуди шаҳри Конибодом ҳангоми кӯшиши фурӯши маводи нашъаовар хизматчии ҳарбии яке аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо рутбаи “майор” боздошт гардид, ки аз ӯ як адад борхалта мусодира гардид. Дар дохили он 10 адад бастаи рангаш сабз бо бӯи махсус мавҷуд буд.
Гурӯҳи оперативӣ се нафар аъзоёни боқимондаи гурӯҳро аз шаҳри Душанбе боздошт намуд ва ба Хуҷанд барои гузаронидани амалҳои тафтишотӣ интиқол намуд.
Пас ҳангоми кофтуков дар ҳавлии боз як аъзои гурӯҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саги хизматӣ бо лақаби “Дина” ба махфигоҳ дар боми каҳхона ишора намуд, ки дар он ҷо 5 дона зарфи нӯшокӣ бо маводи рангашон сафеду зардчатоб мавҷуд буд.
Ҳамагӣ аз гурӯҳи ҷинояткор 23 кг маводи нашъаовар мусодира гардид, ки аз онҳо 5 килограммашро героин ташкил менамояд.
Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, аъзоёни гурӯҳи муташаккил ният доштанд интиқоли маводи нашъаоварро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба роҳ монанд, аммо кормандони Раёсати Агентӣ пеши роҳи ин ҷиноятро гирифтанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Гурӯҳи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан дар ҳаҷми махсусан калон”) оғоз гардидааст.
Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд. Аъзои панҷуми гурӯҳ ҳоло дар кофтуков қарор дорад.