Дар Душанбе чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ давом доранд

0
1353

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротиро дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии нашъамандӣ давом доранд.         15 январи соли ҷорӣ кормандони Агентӣ дар толори Донишгоҳи тиҷоратӣ ва Коллеҷи куҳӣ ба номи С. Юсупова бо устодон ва донишҷӯён вохӯрӣ барпо намуданд. Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои дохила, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Корхонаи воҳиди давлати “Маркази иттилоот ва тамоюли ҷавонон” иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ мутахассисони Агентӣ оиди масъалаҳои мубрами рӯз – пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмол ва хариду фурӯши маводи нашъадор, инчунин шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии сӯистеъмоли маводҳои нашъадор маълумот доданд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

prof-gor-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД