Дар ноҳияи Мастчоҳ тақрибан 10 кг маводи нашъаовар мусодира гардид

0
1511

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ се нафар сокинони маҳаллиро дастгир намуданд. Аз боздоштшудагон як адад сумкаи варзишӣ мусодира гардид, ки дар дохили 9 дона баста бо маводҳои фишурдашудаи росткунчашакли бӯи махсус дошта мавҷуд буд.

Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар вилояти Суғд муайян намуд, ки маводи мусодирашуда гашиш буда, вазни он 9 кг 176 граммро ташкил менамояд.

Дастгиршудагон дар тафтишоти пешакӣ нишондод доданд, ки ният доштанд маводи нашъаовари гашишро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳанд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Гурӯҳи тафтишотии Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон”) оғоз гардидааст.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД