Дар шаҳри Қӯрғонтеппа семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

0
1343

Бо ибтикори Агентӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар байни аъзоёни Клуби рӯзноманигорони ҷавон баргузор гардид.

Клуби рӯзноманигорони ҷавон моҳи октябри соли гузашта бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед” дар ш. Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ва ш.Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби рӯзноманигорони ҷавони радио, телевизион ва рӯзномаю маҷаллаҳои вилоятӣ таъсис дода шуд.

Дар рафти семинар кормандони Агентӣ бо аъзоёни клуб вохӯрӣ намуда, оид ба назорати муомилоти қонунии маводи мухаддир, коҳиши дастрасӣ ва талаботи он, оқибати зарар аз истеъмоли маводҳои мухаддир ва инъикоси чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ тавассути васоити ахбори омма ва истифода аз технологияи муосири интернетӣ семинари машваратӣ гузарониданд.

Ташкили чунин клубҳо дар ш.Душанбе ва ш.Кӯлоб дар назар аст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД