Мизи мудаввар дар мавзуи “Ҷавонон зидди маводи мухаддир”

0
577

09 апрели  соли ҷорӣ  дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки устодони ҷавон ва донишҷӯёни факултаи молия ва иқтисод мизи мудаввар дар мавзуи “Ҷавонон зидди маводи мухаддир” доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Кормандони Агентӣ оид ба вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз нашъамандӣ ва мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон сӯҳбат намуда бо истифода аз асбобҳои аёнӣ сабту видеороликҳоро дар мавзуҳои болозикр пешкаши иштирокчиён намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳои зиддинашъамандӣ тақсим карда шуд.

Ҳамзамон, кормандони Агентӣ баргузории чунин як чорабиниро дар хобгоҳи Донишгоҳи мазкур миёни донишҷӯдухтарон ба нақша гирифтаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД