Нашъабизнес сарамро хӯрд

0
2033

Ассалому алейкум, хонандаи мӯҳтарам! Ман Ҷамшед сокини шаҳри Сарбанд ҳастам, аниқтараш будам. Айни ҳол дар ҳабсхона ҳастам. Сабаби ба зиндон афтиданам ношукрӣ ва ба як пора нони беминнат қаноат накарданам аст. Ба умеди пули зиёди бо роҳи ҳаром ба дастомадашуда, аз баҳри зиндагии тинҷу осудаи дар ватанам дошта баромадам.

Бехабар аз он ки ҳар субҳи офтобиро шомест боронӣ ва мақоли «Бори каҷ ба манзил  намерасад»-ро аз  хотир баровардам, гӯё ин мақол «сафсатта» бошад.«Ҷайби пур инсонро  гумроҳ мекунад» гуфтани калонсолон бесабаб набудааст.

Бародаронам, ки мӯҳтоҷи ёрии ман буданд, борҳо ёрдам хоста буданд, вале кӯмакашон накардам. Чанд хонаҳои боҳашамат сохтаму зану фарзандамро сарватманд гардонидам. Шояд ҳайрон шавед, ки ин қадар маблағро аз куҷо ёфтам? Нашъаҷаллобӣ менамудам. Ясир ном ҷавони афғон бо ман ҳамкорӣ мекард ва аз «тиҷорат»- и мо бар ивази ҷони сад ҳазор одами бегуноҳ рӯ ба афзоиш оварду якамон сад шуду садамон ҳазор. Шабҳо бо хонумҳои ҷавон корамон айшу нӯш буд.

Пули зиёд то андозае чашмонамро аз дунё кӯр карда буданд, ки ҳатто аз Худои Карим ҳам боре ёд намекардам. Шумораи дӯстони «ҷонӣ»-ям рӯз аз рӯз меафзуду дар гирдам парвона шуда, «шеф ягон хизмат бошад, як сухан кунед тамом» – гуфта ширинзабонӣ менамуданд. Дафъаи дигар Ясир 60 кг героинро ба мо интиқол дод. Рӯзи қабули «бор» мо намедонистем, ки ба дасти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар мезанем. Баъдтар фаҳмидем, ки  гурӯҳи мо зери назорати ин мақомот будасту, мақсади онҳо аз дастгир намудани тамоми аъзои гурӯҳи мо будаст. Моро дастгир намуда, ба маҳкама кашиданд.

Ба фикрам ин аз ҳама лаҳзаи даҳшатовар дар ҳаёти ман буд. Дар як лаҳза тамоми умри гузаштаам аз назарам гузашт.  Чӣ шабҳои дарози бехобӣ ва рузҳои мадҳуш дар маҳбасхонаи Агентӣ гузаронидам. Дар аввал албатта гунаҳкорро мекофтам, фикрам танҳо як буд, – кист ӯ?? Танҳо баъд аз ду моҳ фаҳмидам, ки касе гуноҳкор нест, танҳо худи худам. Суд баъд аз шаш моҳ Ҳукм баровард: ба ман ҳамчун роҳбари гурӯҳ 18 сол маҳрум аз озодӣ, ба рафиқонам бошад аз 10 то 12 сол маҳрум аз озодӣ муайян намуд. Ин хабари шум ба гӯши модарам ба тезӣ расид ва сабаби ба сактаи дил гирифтор шудани ӯ гашт. Зану фарзандам аз хона маҳрум гаштанд, чунки бо баровардани ҳукм ба 18 сол суд инчунин тамоми молу амволи маро мусодира намуд.

Имрӯз, ки дар пушти панҷарааму аз карда пушаймон ҳастам. Акнун вақте ки дар азобам ба маънии ин ҳикмати бузургон, ки мегӯяд: «Асои Худоро садояш нест, баъди задан даъвояш нест» сарфаҳм рафтам. Аммо афсӯс, ки дигар оби рехтаро аз замин бардошта намешавад. Муроҷиат ба Шумоён, эй бародарон, хоҳарон – ин хатои азими маро такрор накунед, бо ин роҳи бад наравед, ки оқибаташ нестӣ аст!

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД