Роҳи наҷот кадом аст?

0
2119

Муддатҳост, ки ба тақозои касбу вазифаи хидматӣ дар бораи нашъаву нашъмандӣ менависам. Ҳолатҳои зиёдеро ба мушоҳида гирифтаам, шояд тӯли ин солҳо бо бештар аз сад нафар гирифторони бемории нашъамандӣ рӯ ба рӯ сӯҳбат кардаам. Вале на ҳамеша худро муваффақ ба тасвири ҳолати табиӣ ва рўҳии онҳо медонам.

Ва на танҳо ман, балки аксари қаламкашоне, ки бо ин ният сатрҳое иншо кардаанд ва аз мутолиаи он наиштаҳо ин манзара дар зеҳни кас ҳосил мешавад: Ҷавонмарди пажмурда ва басо лоғар дар кати бемории утоқи дорои панҷараи оҳанидор печутоб мехўрад. Бадани ў шадидан ба дард меояд, аз кашиш хўрдани рагҳо ба худ мепечад. Саропо бо қатраҳои бузурги арақ пўшида шудааст. Зуд – зуд баданаш ба ларза меояд, дилаш мешўрад, мекўшад қай кунад, ки шояд сабук шавад. Мегиряд, мағал мекунад, фарёд мезанад бо садои басо ваҳшатбарангез: «Наҷот диҳед, мемирам! Духтур, сўзандору гузаронед! Лаънат ба ҳамаи шумо! Кирмҳо, кирмҳои сафед маро мегазанд ! Онҳоро дур кунед аз ман!!!!»

Манзараи даҳшат. Ва ман ҳам ду ё се бор шоҳиди ин гуна манзара дар бемористони наркологӣ будаам. Ҳатто ба ҳадде, ки таҳаммулнопазир аст. Вале боз ҳам ба ҳамин назарам, ки ҳеҷ касе ба мисли худи гиифторони ин беморӣ наметавонанд он ҳалатро рӯи коғаз оранд.

Аз асрҳо то ба имрӯз

Ин чӣ балост ва аз куҷо омадааст? Башарро чӣ хатаре таҳдид мекунад?

Истеъмоли гиёҳҳои нашъаовар таърихи басо қадима доранд, ба дигар маънӣ як падидаи наву тозае нест. Ҳанўз дар асри сангин одамон даст ба истеъмоли гиёҳҳои нашъадор мезаданд. Китоби машҳури «Растаниҳои дорувор», ки дар солҳои ҳокимияти Императори Чин Схен – Нуна навишта шуда буд, яке аз аввалин маъхазе дониста мешавад, ки дар бораи растаниҳои нашъадор маълумот додааст. Он замон дар Чини қадим ҳеҷ сафарие набудааст, ки бидуни захираи лозимии банг ба роҳ барояд. Истеъмоли ҳашиш табъи ўро болида медошт ва гӯё хаста ҳам намешуд, мушкилоти сафар дар биёбони сўхта низ ҳалли худро меёфт. Ин замоне буд, ки аксаран роҳҳо пиёда тай мешуданд ва одамон ҳафтаҳову моҳҳо мерафтанд, то ба манзил бирасанд.

Ё мисоли дигар. Мегўянд заҳмати кўҳканҳои Боливияро ба ҷуз пули нақд ҳамчунин бо барги растании Euytroxyion coca (он кока, ки дар таркибаш кокаин дорад) қадр мекарданд. Онҳо баргҳоро мехоиданд ва ё чун сигор мекашиданд ва ин имкон медод, ки кори машаққатбори зери заминро барои чанд муддат фаромўш кунанд.

Баҳрнавардони олам баъди расидан ба бандаре, ки бояд муддате он ҷо бимонанд, ба фасодхонаҳо мерафтанд ва аз шираи хушконидашудаи кўкнори хобовар (Papaver somniferum), ки морфин ва дигар алкалоидҳо дошт, истеъмол менамуданд.

Роҳибони динҳои гуногуни қадима, фолбинҳо ва дуохонҳо навъҳои мухталифи мухаддиротро барои тасдиқи таъсири ҷодувонаи маросим ва ё «ему дем» ба муқобили касалӣ истифода мебурданд ва бо ин васила ҳақиқатро аз чашми мизоҷони худ пинҳон медоштанд.

Бале, инҳо ҳама иқтибосот аз таъриханд, ки сарчашмаҳо ҳикоят кардаанд. Аммо касе аз ҷумлаи муҳаққиқони ин навиштаҳои таърихӣ дар ҷое надидаву нахондаанд, ки аз истеъмоли ин ё он навъи маводи нашъадор инсонҳо ба ҳалокат расида бошанд. Ҳатто мегӯянд ҳиндувони Амрико меъёри истеъмоли барги кокаро медонистанд ва риоя ҳам мекарданд, ки кӣ ва кай бояд аз он истифода кунад. Пас маълум мешавад, ки таъсири манфии он барои бадани инсон ҳатто ҳамон замонҳо ҳам маълум будааст.

Зигмунд Фрейд, Майлз Дэвис, Мурод Носиров ва дигарон

Аз нашъамандии бузургон ва саромадони илму фарҳанг ва санъати мусиқӣ зиёд гуфта мешавад. Зеро муҳаққиқон ва онҳое, ки зидди истеъмоли мухаддирот ҳастанд, маҳз ҳаёти бармаҳал хазонрасидаи ин шахсонро барои тақвияти суханони худ мисол меоранд. Ва ҳақ баҷониб ҳам ҳастанд. Мутолиаи тарҷумаи ҳоли ин одамон нишон медиҳад, ки агар онҳо рӯ ба мухаддирот намеоварданд, чӣ ёдгори гаронбаҳои илмиву фарҳангӣ барои башар ба мерос мегузоштанд. Зеро ҳар кадоми онҳо дар ҷодаи худ ҳатто нобиға буданд, мусиқиеро асос гузошта буданд, асаре офарида, ки дар таърихи тамаддуни башар бемисл аст. Вале ҳайҳот, ки оқибат по ба фоҷеа гузоштанд ва дар қалби садҳо ҳазор мухлисонашон доғи ҳасрат гузоштанду худ рафтанд.

Мегӯянд, Зигмунд Фрейд аз дӯстдорони кокаин буд. Ва на танҳо истеъмол мекард, балки солҳои сол аз он расман ситоиш менамуд ва дигаронро таблиғ мекард, ки аз он истифода кунанд. Боре ба арӯсаш Марта ваъда дод, ки ягон вақт ҳатман дар бораи кокаин китобе хоҳад навишт. “Ман онро кам-кам, вале ҳар рӯз истеъмол мекунам, то ин ки ба ҳолатҳои асабонӣ роҳ надиҳам ва ҳазми хӯрок бароям осон муяссар гардад ва бовар кун ин ҳама муваффақиятомез анҷом мешавад”.

Соли 1884 Фрейд ба ваъда вафо кард. Вай на китоб, балки як мақолаи калон бо номи “Дар бораи кока” интишор дод ва аввалин касе дар олам буд, ки стратегияи муолиҷаи ивазшавандаро дар сӯистифода аз маводи мухаддир таҳия намуд. Аммо олам аз пешниҳодоти Фрейд чизеро, ки ба манфиати башар бошад, пайдо накард. Танҳо ғояи муолиҷаи ивазшаванда боқӣ монд, ки имрӯз ҳам он роиҷ аст.

Вале баъдтар дар ин бора бо эҳтиёти том менавиштагӣ шуд. Зеро аз истеъмоли кокаин яке аз дӯстони наздики Фрейд Эрнтст фон Фляйшл ба ҳалокат расид.

Фрейд, ки ба ин бовар буд кокаин барои дур кардани вобастагӣ аз морфин муфид аст, дӯсташро бо ин усул хост табобат кунад ва аз сӯистифодаи морфин раҳо созад. Вале он таъсири баръакс дошт. Табибии Фрейд барои дӯсти наздикаш марговар омад. Зеро вобастагӣ аз морфин ба вобастагӣ ба кокаин оварда расонд ва баъди истеъмоли ногаҳонии аз меъёр зиёд риштаи умраш фоҷеабор канда шуд.

Аммо ҳаёти баъдии худи Фрейд низ ба мушкилоти фазоянда ҳамроҳ буд. Вай сахт вобастаи кокаин шуд. Олими машҳур, ки иродаи қавӣ дошт, худро аз чанги он раҳонд. Вале ба ин вақти зиёдеро лозим омад сарф кунад.

Героини “князи сиёҳи мусиқии ҷаз”

Майлз Дэвис, ки дар олами санъат бо номи «князи сиёҳи мусиқии ҷаз” машҳур аст, аз ҷумлаи вобастагон ба героин буд. Майлз Дэвис дар замонаш аз бузургтарин чеҳраҳои олами санъат, бастакори нотакрор ва мусиқинавози беҳамто шинохта мешуд, ки мухлисони зиёд дошт. Истеъмоли маводи мухаддир ӯро аз саҳна дур кард, вай дигар наметавонист ба кори эҷодӣ дода шавад. Ин ҳолат чор сол идома кард. Вале ба тақдири ӯ муштзани машҳур Шуга Рей Робинсон сабаб шуд. Зери таъсири ин варзишгари шинохта, ки тадриҷан яке аз наздиктарин дӯстони ӯ шуда буд, Майлз Дэвис тавонист худро аз чанги героин раҳонад ва ба саҳна баргардад.

Аммо на ҳамагонро муяссар мушуд, ки аз гирдоби хунрези мухаддирот ҷони худро берун кашанд. Ҷенис Ҷоплин, Ҷимми Хендрикс, Элвис Престлӣ, Мурод Носиров, Ҳюстен ва боз аз даҳҳо тани дигар метавон ном бурд, ки аз ҷумлаи қурбониёни баршумарда мешаванд, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд. Бо мадади Худдованд вақтҳои наздик дар бораи ҳар кадоме аз ин чеҳраҳои ҳунар нақл хоҳем кард, то имрӯзиён панде аз онҳо бигиранд.

Ва мухаддирот Висотскийро ҳам аз мо рабуд

Дар бораи нашъамандии шоир, сароянда ва ҳунарманди нотакрори рус Владимир Висотский, ки имрӯз ҳам таронаҳояш миёни мардум аз маҳбубияти хоса бархӯрдоранд, аз аввалинҳо шуда ҳамсари ӯ Мария Влади дар китоби хотироти худ навишта буд. Аммо он замон бисёриҳо аз ӯ ранҷиданд, бахусус дӯстону ҳамватанони Володя Висотский. Мегӯянд сабаби ранҷиши дӯстон он будааст, ки шаробхорӣ барои русҳо як чизи маъмул буд, вале он замон нашъаманд эълон кардани касе мудҳиштарин айб дониста мешуд, чун дар Иттиҳоди Шӯравӣ он замон ин мафҳум умуман вуҷуд надошт. Чӣ монад ба он ки шахсиятеро чун Висотский ба ин ҷурм муттаҳам намоянд.

Вале баъдтар дигарон ҳам дар ин бора мегуфтанд. Ҳарчанд ҳоло ҳам пӯшида аст, ки Висотский дар кадом ҳолатҳо мухаддирот истеъмол мекард. Дӯст ва маъмури корҳои эҷодии шоир ва сароянда Валерий Янклович дар хотироташ навишт: Ман бо Володия сари ин масъала зиёд гуфтугӯ доштам, вале вай ба ман мегуфт: “Ту дар Ғарб набудӣ ва намедонӣ, он ҷо ҳамаи одамони эҷодкор ин корро мекунанд. Ин эҷодиётро ба низом медарорад. Ман сӯистифода намекунам, танҳо барои лаҳзаҳои илҳом гоҳ-гоҳе истеъмол менамоям”. Бино ба навиштаи Янклович мушкилоти мухаддиротӣ барои Висотский аз солҳои 1975 сар шуданд. Оксана Афанасевна, ки аз охирин дӯстдоштаи сароянда (ҳоло ҳамсари Леонид Ярмолник) буд, низ чунин назар дорад. Оксана Афанасевна ва Володя ҳатто замоне, ки Висотский аз Мария Влади ҷудо нашуда буд, мехостанд ақди никоҳ банданд.

Аммо аз миёни ҳама ҳамкори Висотский дар театр ва синамо Николай Губенко дар ин фикр қотеътар аз дигарон аст. Вай менависад: “Висотский бисёр менӯшид, вале баъдтар аз машрубот ба мухаддирот рӯ овард”. Вале ин нависанда бар ин назар аст, ки Висотскийро ба маводи мухаддир маҳз Мария ва писари ӯ одат кунонда буданд.

Аммо ахиран фарзияи дигар ба миён омад, ки тибқи он ин ҳунарманди шинохта ва нотакрори русро ҳам билохира ҳамин истеъмоли маводи нашъадор ба марг бурд.

Дар Тоҷикистон чӣ?

Ва аммо дар Тоҷикистон ҳам чунин иттифоқоте зиёд рух додааст, вале илман собит нашудааст. Аз ин рӯ мо ҳатто наметавонем исрор варзем, ки масалан, Сӯҳроби Сафарзод, ин сарояндаи соҳибзавқ маҳз аз истеъмоли маводи мухаддир ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Зеро ташхиси тиббӣ дар ин замина сурат нагирифтааст ва ҳар чӣ дар матбуот чоп шудааст, дар пояи овозаҳоянд, ки асоси илмӣ надоранд. Аз миёни ҳунармандон ягона касе, ки худ иқрор шуд героин истеъмол мекард ва муддате сару сомонашро аз даст дод, ин ҳунарманди шинохта Субҳон Саид аст, ки дар борааш зиёд гуфтаву навиштаанд.

Тибқи омори вазорати тандурустии кишвар, ки онро Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллае бо номи “Ҷумҳурии Тоҷикистон- сипари боэътимод дар роҳи “хатсайри шимол” интишор ва расонаӣ кардааст, то 1 апрели соли 2012 дар мамлакат 7254 нафар чун бемори гирифтор ба нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ аз соли 2008 то семоҳаи аввали соли 2012 теъдоди беморони сабти номшудаи нашъамандӣ 16,1 фоиз коҳиш ёфтааст.

Аммо ин маълумот танҳо онҳоеро дар бар гирифтааст, ки ихтиёран ба муассисаҳои наркологӣ муроҷиат кардаанд ва он воқеъиятро ифода намекунад. Истеъмоли тазриқии маводи нашъаовар боиси афзоиши бемориҳои сироятие назири гепатитҳои гуногун ва ВИЧ/СПИД шудааст. Тибқи омори расмӣ 51,2 фоиз аз зумраи 4084 нафар гирифторони ВИЧ истеъмолкунандагони тазриқии маводи мухаддир мебошанд.

Таснифи Б. Шафеъ.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД