«Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

0
1812

Фарҳангу анъана дар баробари пайдо шудани халқияту миллатҳо ба вуҷуд омада бо пешравии тараққиёти моддиву маънавӣ рушд меёбад. Яке аз падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он ба шумор меравад. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтироми хешро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос доранд ҳам, омилҳои ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумии моро ба миён овардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша дар суханронии худ, таъкид менамоянд, ки: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат- ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».

Бо назардошти ин ва бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018”, аз 29.12.2017 ба тасвиб расид.

Фармони мазкур олимону фарҳангшиносон, таърихнигорон, адибону аҳли зиё ва кормандони соҳаи дахлдорро водор месозад, ки ҷанбаҳои таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии куҳан ва аҷдодии мардуми тоҷикро жарфтар мавриди пажуҳиш қарор дода, оид ба эҳё ва кашф намудани анъанаҳои миллии аз байн рафта чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз манотиқи зисташ вазифадор аст, ки идеалогияи миллӣ ва мафкураи таърихии худро асоси зиндагӣ ва фарҳанги чандинҳазорсолааи миллити тоҷикро ҳамчун роҳнамо пос дошта, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Мусаллам аст, ки сайёҳҳон армуғонеро бо унсурҳои миллӣ ҳамчун хотира аз сафар бо худ мебаранд. Бинобар ин, ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи сайёҳон ба ҳунарҳои дастии мардумӣ, яке аз воситаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнатро ба миён оварда, заминаи мусоиди таъсиси бештари дуконҳои косибӣ ва ҷойҳои нави кориро, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ фароҳам меорад, ки дар ин замина омӯзиши таърих ва фарҳанги ниёгони мо берун аз кишвар низ ривоҷ хоҳад ёфт.

Аз замонҳои хеле дур то ба имрӯз ҳунару ҳунармандӣ бо табиати маҳал, тарзи зисти мардум, ривоят, расму оин, урфу одат ва ҷашнҳо мутобиқ гардидааст. Косибону ҳунармандон дар офаридаҳои худ нақшу нигорро чун воситаи асосии ороиши бадеӣ корбаст намуда, рамз ва маънии хоси онро ҳамчун нишони эътиқоду боварӣ ба фарҳанг ва урфу одати миллӣ  инъикос менамоянд.

касбу унарҳои мардумӣ

Имрӯз мебояд, ки аз ҷанбаҳои иқтисодии соҳаи туризм васеъ истифода карда шавад. Бинобар ин, Стратегияи рушди сайёҳӣ то давраи солҳои 2030 ва якқатор санадҳои зерқонунии қабул гардида, оид ба такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва муарифии имкониятҳои васеи сайёҳии мамлакат мусоидат хоҳанд кард.

Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар наздиктарин фурсат шумораи сайёҳон ба кишвари маҳбуби мо беш аз пеш хоҳад афзуд. Чун, ки дар баробари ҳунару ҳунармандӣ, Тоҷикистон бо шароитҳои махсуси иқлимӣ, табиати биҳиштосо, олами паранда ва ҳайвонот, дарё ва кӯлҳои зебо, чашмаҳои гарму табобатӣ, олами растанӣ, гулу гиёҳҳои шифобахш, меваҳои шаҳдбор ва кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳораш дар дунё камназир мебошад.

Эҳсоси муқаддаси ватанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллиро дар вуҷуди фарзандон аз хурдӣ ҷой намудан ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани мероси гаронбаҳои аҷдодонамон, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандуст ва содиқ ба ин миллат ба шумор меравад.

 кухои Бадахшон

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД