Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар

0
724

Соли 1987 Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 26-уми июнро ҳамчун Рӯзи мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии онҳо, чун ифодаи ҷасорат баҳри пурзӯр намудани фаъолият ва ҳамкорӣ бо мақсади созмон додани ҷомеаи байналмилалии озод аз маводи нашъаовар, эълон намуд.

Ин қарор дар асоси тавсияи Конфронси байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии онҳо 7 декабри соли 1987 қабул шуд.

Дар миқёси сайёра миллионҳо одамон бар асари истеъмоли воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ азият мекашанд, садҳо ҳазор хонаводаҳо бадбахт мешаванд ва ҳазорон одамон, хусусан ҷавонон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ҷумҳурии мо низ аз ин вабо дар канор монда натавонист. Мавқеи ҷуғрофӣ, бахусус ҳамсарҳадӣ бо яке аз давлатҳои истеҳсолкунандаи ғайриқонунии маводи мухаддир омили асосии ривоҷи нашъамандиву нашъаҷаллобӣ дар кишвари азизи мо гардид. Бо назардошти ин омил ва пешгирии таҳдиди бехатарии саломатии ҷомеа дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид ба 3 конвенсияи СММ дар самти назорати воситаҳои  нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо  шомил гардида, як қатор санадҳои меъёриро ба тасвиб расонида, дигар тадбирҳои заруриро андешид.

Пешгирии нашъамандӣ, дар қатори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҳамасола дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи Агентӣ маҷмӯи чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла чорабиниҳои мухталифи оммавӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ, мизҳои мудаввар ва вохӯриву мулоқотҳо бо ҷалб намудани табақаҳои мухталифи аҳолӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, ки мақсади асосии онҳо – баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолии кишвар аз оқибатҳои фалокатбори истеъмоли маводи мухаддир мебошад.

Бо назардошти муҳим будани гузаронидани чораҳои пешгирии нашъамандӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13 феврали соли 2013, №1409 “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ гардид, ки ин худ аз арзёбии баланди кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ, инчунин эътироф намудани натиҷаҳои амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа дарак медиҳад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД