Солгарде боз дилҳоро ба дард меорад

0
1768

Сарнавишти талх, вале ибратомўзе дорад ин марди ҳунар.. бачагии ноором, ҷавонии басо пурҷўшу хурўш ва марги нобаҳангоми фоҷеавӣ. Кас ба чеҳраи зебои ў менигарад ва ҳатто тасаввур намекунад, ки бо ин ҳусни дилпазир ва садои ҷаззобу ҳунари волое, ки қалби миллионҳо нафарро тасхир кардааст, даст ба истеъмоли маводи мухаддир задааст. Ўро чӣ водор кард роҳи касонеро тай кунад, ки дар нимароҳи шўҳрат дили миллионҳо ҳаводорони худро реш-реш кунанд ва тани гарм, чеҳраи диданиву садои шунидании худро зери хок баранд. Сарнавишти онон сабақ нашуд ва ин нобиғаи санъати поп низ бо ҳамон шўру валвала дар як замоне, ки мухлисонаш аз ў асарҳои нав интизор буданд, ин оламро падруд гуфт.

Моҳи апрели соли 2012 ИМА хотираи ў – сарвари гурўҳи машҳури эстрадии «Nirvanа» Курт Доналд Кобейнро, ки 18 сол қабл дар синни 27 солагӣ даст ба худкушӣ зада буд, пос дошт.

Ҳамчуноне ишора рафт, сарнавишти Курт Кобейн пурмоҷаро ва пурфоҷеа будааст. Падараш олмонӣ ва модараш ирландӣ. Пешаи падар автомеханик ва модараш касбу кори доимӣ надошт, гоҳ пешхизмат дар тарабхонае буд ва гоҳи дигар мураббии атфол. Хоҳаре ҳам дошт бо номи Ким, ки аз худаш севуним сол хурд буд. Аз замони бачагӣ расмкаширо дўст медошт ва ҳатто дар чандин озмуни мактабӣ соҳиби ҷоизаҳо низ шуда буд. Ба таълиму тарбияи ў назар ба волидайнаш дигарон саҳми бештар доранд. Зеро дар вақте, ки Курт 7-сола буд, падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд.

Шавқаш ба мусиқӣ замоне бедор шуд, ки тағояш Чак ўро ҳамроҳи худ ба машқи гурўҳи ҳунарие, ки худи ў дар он гитарист буд, бурд. Метавон гуфт, ки меҳри мусиқиро низ дар қалби ў маҳз тағояш ҷо кард ва бо гузашти солҳо Курт низ аз ҳамаи асбобҳои мусиқӣ маҳз ҳамин гитараро пазируфт ва то охири умр ба он содиқ монд. Модараш боре ба ёд оварда буд, ки «Курт басо бо завқ ба олами мусиқӣ ва ҳунар ворид гардид. Ҳатто вақтҳое ҳам ки ўро ба мағоза мефиристодам дар кўча низ бо садои баланд замзамакунон мерафту меомад».

Аммо ҷудоии падару модар ба ҳаёти ў зарбаи сахте зад. Ўро гўшанишин ва танҳопараст кард. Мекўшид танҳо бо олами орзуҳои худ бимонад, аз ҳамсолон бештар канораҷўӣ кунад, танҳо бошад, вале бо таронаву мусиқии завқи дили худ. Аз овони ҳаштсолагӣ ўро ба дастаи ҳунарии мактаб ҷалб мекунанд, ки он ҷо низ гитара менавохт. Дар 14-солагӣ тағояш ба ў гитараи барқӣ тақдим мекунад ва ин як ҳодисаи нодире дар ҳаёти ў буд. Соли 1984 тарки мактаб кард ва бо ҳамин дигар даст аз таҳсил бардошт. Баъди ҷанҷолҳои зиёд модараш билохира ўро аз хона ронд. Курт овораву дар ба дар шуд. Аввалҳо зери пулҳо мехобид ва ё кабинаи мошинҳои боркашро боз менамуд ва то субҳ, то вақте соҳибонашон пайдо шудан мехобид. Дар ин муддат бо пулис низ мушкил пайдо карда буд ва баъди як хархаша бо ҳамсолон ва даст задан ба бенизомӣ 180 доллар ҷарима ва 30 рўз шартан аз озодӣ маҳрум гардид.

Соли 1985 Курт ба ташкили гурўҳи ҳунарии Fecal Matter иқдом кард ва соли 1988 он Nirvana ном гирифт. Таҳлилгарони мусиқӣ мегўянд ин гурўҳ дар мусиқии попи солҳои 90 тағйироти куллие ворид сохт, ҳатто таронаи машҳури Ҷmellҷ Like Teen чун гимни «насли Х» шўҳрат касб кард. Аммо худи Курт аз шўҳрат фирорӣ буд, аз матбуот худро канор мегирифт ва мекўшид вақти зиёди хешро сарфи тавлиди асарҳои тозаи мусиқӣ кунад. Дар ин миён рў ба истеъмоли маводи мухаддир овард. Мегўянд яке аз сабабҳои ин моҷарои пайваста бо занаш ва мушкилоти дигари хонаводагӣ будааст. Солҳои охир ў зиёд кўшид худро аз вобастагӣ раҳонад, аммо кўшишоташ бенатиҷа анҷом гирифтанд. Илова ба ҳамаи ин акнун матбуот низ аз домани ў гирифта буд ва дар мавриди муносибатҳои маҳрамонаи хонаводагиаш мақолаҳои ҳангомабарангез интишор меёфтанд.

Марги пурасрори сароянда

8 апрели соли 1994 Кобейни мурдаро аввалин шуда устои барқ, ки мехост ба хонаи мусиқанавози машҳур системаи муҳофизатӣ насб кунад, мушоҳида кард. Кобейн дар номаи пешазмаргии худ аз ҷумла навишта буд: «Инак, якчанд сол аст, ки ман на аз гўш кардан, на аз сохтани мусиқӣ ва на дигар кори эҷодӣ кайфият намебарам ва ба ваҷд намеоям…». Санҷиши экспертиза нишон дод, ки мусиқинавоз 5 апрел худкушӣ кардааст ва хуни ў ба миқдори муайян омехтаи героин дошт. Кобейн 10 апрел дар Сиетле ба хок супурда шуд ва дар маросими видоъ бештар аз 7 ҳазор нафар мухлисонаш гирд омада буданд. Тавре CNN гузориш медиҳад, имрўзҳо ҳам дар солгарди марги сароянда ва мусиқинавози барҷаста садҳо тан аз алоқамандонаш ба хонаи ў воқеъ дар Сиэтле меоянд ва дар дару дувори он варақаву навиштаҷоти зиёдеро мегузоранд ва мераванд.

«Ман чеҳраи зебо ва садои хуши туро пазмон шудам».

«Ташаккур ба ту, ки ба ман илҳом медодӣ», – ин ва боз сатрҳои зиёди хонданиеро метавон аз гулдаставу гулчанбарҳои дари хонаи ў пайдо кард.

Ҷойи дигари муқаддас барои мухлисонаш гулгашти кўли Вашигтон – дўстдоштатарин курсии Кобейн аст, ки вақтҳои фароғат он ҷо менишаст ва замазама мекард. Ҳоло дар курсӣ ва атрофи он ҷойи холӣ намонда, ки сатре бинвисанд. Ошиқон, мухлисон ва ҳаводоронаш курсиро бо ҳарфу ҳиҷои саршор аз муҳаббат пур кардаанд.

“Ман дар хотир дорам, ки он замон ҳамаи моро эҳсоси шадиди як талафоти мудҳиш фаро гирифта буд. “Нирвана” дастаи ҳунарии басо хубу ҷаззобе буд, таронаҳои онро ҳамеша ва дар ҳар ҳолат метавонистӣ бишнавӣ ва дар ҳар шунидан барои худ чизи наверо метавонистӣ кашф кунӣ. Марги ў басо гарон буд ва дар қалби мухлисонаш адўҳу ғамеро ба ҷо гузошт»,-гуфтааст собиқ хабарнигори MTV Табита Сорен, ки рўзи марги Кобейн дар Сиэтле будааст.

Хонумаш Кортни Лав гуфтааст, ки қабри Кобейн аслан вуҷуд надорад. Бахше аз хокистари ў дар дарёчаи атрофи Сиэтле пош дода шуда, бахше дар маъбади буддои Ню-Йорк нигаҳдорӣ мешавад.

Кобейн даст ба худкушӣ зада, рўйхати он ҳунармандонеро идома дод, ки аз истеъмоли маводи мухаддири сангинтаъсире чун кокаин ва героин ҷони худро дар ҷавонӣ аз даст доданд. Дар гузашта Ҷимми Хендрикс, Ҷенис Ҷоплин, Ҷим Морисон ва боз даҳҳо тани дигар аз ситораҳои санъат дар сар то сари Сайёра аз дилбастагӣ ба маводи мухаддир дар Айни камолоти эҷодӣ ва дар авҷи шўҳрат бо ҳаёт падруд гуфтанд.

Баъди марги Кобейн ҳунармандони “Нирвана” Крист Новоселик ва Дэйв Грол гурўҳҳои худро созмон додан два ҳар кадоме аз онҳо соҳиби шўҳрати худ шуданд. Ва чизи дигар: хонумаш то ҳамин наздикиҳо аз матбуот пинҳон медоштааст, ки Фрэнсис Бин духтарест, ки аз Кобейн таваллуд кардааст. Дар замони зинда будан Коббейн муваффақ шудааст, ки миллионҳо доллар кор куна два як зиндагии осудаву ороме дошта бошад. Аммо ба гуфтаи хонумаш ва вакилони муодфиаи сароянда бахши муҳими ин пулҳо аз ҷониби ёварони бешумораш ба яғмо рафтаанд.

То ба имрўз ҷузъиёти марги фоҷеабори ҳунарманд номушаххас аст. Тафтишот хулоса кардааст, ки марҳум худро бо камон аз сараш паррондааст. Детактиви шахсӣ Том Грант тахмини дигар дорад. Вай мегўяд куштори сароянда аз ҷониби зани ў Кортни Лав ташкил карда шудааст. Вале барои тафтиши ин хулоса низ далелҳои воқеӣ камтаранд. Ин аст, ки марги ҳунарманд барои чӣ пайвандон ва чӣ мухлисонаш муаммо боқӣ мемонад.

Иртибот бо мухаддирот

Хоҳари угай ӯ Беверли,ки худ аз рӯи ихтисос духтур буд, дар мавриди зиндагии пурфоҷеаи бародараш Курт нақл кардааст ва гуфтааст, ки то ҳадде иртибот бо мухаддирот ва шароб барои ӯ авлодӣ мебошад. Аз ҷумла ду амаки ӯ майзадагони ашаддӣ буданд ва ин ду тан худкушӣ кардаанд ва боз ин ки яке аз онҳо худро аз сараш тир зад.

Курт аз 13 солагӣ мухаддирот истеъмол мекард аввал марихуна ва баъд даст ба истеъмоли ЛСД ва дигар галлюсиногенҳо зад. Соли 1986 аввалин маротиба героин истеъмол намуд ва аз он ба баъд муттасил ин навъи мухаддиротро истифода мебурд. Ба ҳадде, ки соли 1991 вай аллакай вобастаи он шуда буд. соли 1992, вақте ӯ донист, ки ҳамсараш интизори тифл аст, тасмим гирифтанд, ки зану шавҳар курси офиятбахширо гузаранд. Моҳи июли соли 1993 Кобейн як маврид истеъмоли аз меъёр зиёд (передозитровка)-ро пушти сар гузошт.

18 марти соли 1992 ҳамсараш ба пулис занг зад, ки Курт худро дар ванна маҳкам кардаву қасди худкушӣ дорад. Пулис ба ҷои ҳодиса омад ва дар ҳақиқат ӯро бо камон ва маводи мухаддир дар дохили ванна дид. Баъдан кӯшишҳои ҳамкорону дӯстонаш дар мавриди табобати сароянда натиҷа надод ва билохира истеъмоли мухаддирот ӯро нобуд сохт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД