Спайс – маводи нашъадори синтетикӣ

0
2450

Таи солҳои охир аз “эпидемия”-и истеъмоли маводи синтетикии “спайс” дар як қатор кишварҳои хориҷӣ фавти ҷавонону наврасон зиёд ба қайд гирифта шуд, ки ин ҳолат тамоми мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустиро ба ташвиш овард.

Маводи мазкур JWH– 018 (Спайс) – ин маводи синтетикии тетрогидроканабинол соли 1995 аз тарафи кимиёшиноси амрикоӣ Ҷон Хаффман бо мақсади тадқиқотҳои илмӣ синтез карда шуда буд.

Дар Аврупо маводи нашъаовари мазкурро то соли 2008 дар намуди омехтаҳои тамокуӣ, моддаҳои хушбӯй, моддаҳои тароватбахши ҳаво, намакҳо барои ҳаммом, поруандозӣ барои гулҳо, хӯроки варзишӣ ва ҳабҳо озодона мефурӯхтанд.

Аммо 15 декабри соли 2008,  аз тарафи ширкати фарматсевтии Олмони THC Pharm,  муайян карда шуд, ки дар дохили маводҳои мазкур маводи синтетикии нашъаовар тетрогидроканабинол JWH – 018 мавҷуд аст. Кувваи таъсири JWH-018  5 маротиба аз  тетрогидроканабинол (ТГК) зиёдтар аст. Баъд аз ин, фурӯши маводҳои мазкур ба таври қонунӣ манъ карда шуд. Аммо тиҷорати он ба роҳи ғайриқонунӣ фаъол гардид.

  • Моддаҳои мазкур аз намуди растаниҳое, ки таъсири фаъол ба рӯҳияи инсонро доранд, иборат мебошанд.
  • Он моддаҳое, ки аз ҳама зиёдтар дар муомилот вомехӯранд:
  • Кратом (Mitragyna speciosa Korth) – растанӣ, ки дар Осиёи Ҷанубӣ–Шарқӣ мерӯяд ва дар таркибаш алкалоиди митрагин дорад, таъсири фаъол ба рӯҳияи инсон мерасонад.

2) Салвия  дивинорум (Salvia divinorum) – растанӣ, ки дар ҷангалҳои штати Оахакаи Мексика мерӯяд ва дар таркибаш моддаи  навъи салвинорин А, ки таъсири таваҳҳумиро  (галюцинация) дорад, мавҷуд аст.

  • Кат (Catha edulis)– растанӣ, ки дар Африқо ва Арабистон мерӯяд. Баргҳои ин растанӣ дар таркибашон катинон ва катин доранд, ки таъсири стимулятсионӣ (қувватбахшанда) мерасонад.

Канабиноидҳои синтетикие, ки ба гурӯҳи маводҳои дудии спайс дохил мешаванд, ба Рӯйхати Миллии ягонаи Конвенсия оиди маводи нашъадори соли 1961 ва Конвенсияи моддаҳои психотропии соли 1971 дохил нагардидаанд. Аммо баъд аз ошкор намудани канабиноидҳои синтетикӣ дар дохили маводи дудии спайс як қатор давлатҳо, аз қабили: Австрия, Германия, Литва, Полша, Фаронса, ИМА, Россия, Белорусия, Украина, Шветсия ва дигар давлатҳо истеъмол ва фурӯши маводҳои мазкурро манъ намуданд.

Нафароне, ки ин маводро истеъмол менамоянд, ба вобастагии рӯҳию ҷисмонӣ гирифтор мешаванд. Аз ҷиҳати таъсирашон ба рӯҳия ва ҷисми инсон зарари он нисбат ба бангдона ба маротиб зиёд аст. Ҳолатҳои талаботи ҷисмонӣ нисбат ба маводи мазкур ниҳоят дарднок аст.

Спайс ба рӯҳияи инсон таъсири манфӣ расонида, ба фаъолияти ҳуҷайраҳои асосии мағзи сар халал ворид менамояд. Нафари ин маводро истеъмол карда, дар худ ҳолати бим, тарсу ваҳм, хатар, изтироб ва дигар ҳолатҳои ғайриоддӣ ба монанди галютсинатсияро эҳсос менамояд.

Зарари маводи мазкур дар тамоми ҷисм эҳсос карда мешавад, яъне ин мавод кори ҷигар, гурда ва шушҳоро хароб менамояд, хун ғафс мешавад ва аз ин ҳолат мағзи сар фаъолияташро тағйир медиҳад. Зарари асосӣ ва авалиндараҷаи истеъмоли маводи мазкур ба майнаи сар мерасад. Ҳаҷми рагчаҳои хунгарди мағзи сар хурд мегарданд, то ин ки заҳри ин мавод ба мағзи сар ворид нагардад, дар ин ҳолат бошад ба майнаи сар оксиген ворид намешавад ва вайроншавии ҳуҷайраҳои асосии мағзи сар ба миён меояд.

Дар бештари ин ҳолатҳо шахси истеъмолкунанда ба худкушӣ даст мезанад.

Шахси истеъмолкунанда оқибати рафтори худро мустақилона баҳо дода наметавонад. Ӯ танҳо эҳсос мекунад, ки бе истеъмоли спайс ҳоли ӯ бад ва бо истеъмоли он “хуб” мешавад. Ва ин “ҳолати хуб” ӯро бештару сахттар ба истеъмоли маводҳои нашъаовару заҳрнок ҷалб менамояд, ки ҷисм оҳиста-оҳиста  ба он худфаъолиятӣ пайдо менамояд.

Дар айни замон чандин намуди маводи нашъадор, ки ба спайс ва гурӯҳҳи он дохил мешаванд, дар саросари олам сабаби марги нафарони зиёд гардидааст, ки аксари онҳо ҷавонони то 24-солаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД