СУГВОРӢ

0
784

        Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,

        Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

Гардуни бевафо тире аз  аҷал   сӯи мо андохт.  Марги нобаҳангом аз сафи мо яке аз корманди соҳибтаҷриба ва ҳамкасби беҳтарин, дусту рафиқ, ғамгусору мушфиқтарин ҳамдами мо Шоҳрух Улфатшозодаро ба дунёи хомӯшон бурд.

Дар ин лаҳзаҳои лаболаб ғамбору ҳасратнок аз номи Роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва кули кормандон Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли оила ва хешу пайвандони Улфатшозода Шоҳрух Аҳмадшо изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил талабгорем.

Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Шоҳрух Улфатшозода дар давоми фаъолияташ дар Агентӣ, рисолати инсонии худро дар назди халқу Ватан бо  сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ тавонист, ки дар мубориза ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва бар зидди қочоқчиён ва паҳнкунандагони он истодагарӣ намуда, ҷони ҳазорҳо ҷавононро аз мубталошавӣ ба ин вабои аср наҷот бахшад, ки боварӣ дорем бо ин накӯӣ манзили охирати хешро пурнур гардонидааст.

Ҷои Шоҳрух Улфатшозода дар қалбҳои мо ҳамкасбонаш  холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неки ӯ дар ёдҳои мо ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

Руҳат шод ва манзили охиратат обод бод!

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД