Таассуроти иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ

0
1187

27 май дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ оид ба мушкилоти хатари маводи нашъаовар таҳти унвони “Муттаҳид намудани ҳамкории байналмилалии зиддимухаддиротӣ” баргузор гардид.

Меҳмонони конфронс аз тамоми гӯшаҳои дунё таассуроти худро нисбати ин чорабинӣ баён намуданд:

Алдо Лале-Демоз – Муовини директори иҷроияи РСММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Директори Шӯъбаи фаъолияти оперативӣ

 

Созмони Милали Муттаҳид аз иштирокчиёни ин конфронс дарк намудани стратегияи муқобилат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоваро интизор аст. Ин нуқтаи бисёр муҳим аст, чунки моҳи апрели соли 2016 иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид баргузор хоҳад гардид, ки дар он масъалаҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайрқонунии маводи нашъаовар баррасӣ мегарданд. Мехостам, ки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ин конфронс иштирок доранд, аз мушкилоти худ вобаста бо терроризм, муомилоти маводи мухаддир, истеъмоли он ошкоро сухан намоянд. Афкори Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи марказӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад. Ман аз роҳбари Тоҷикистон барои ташкил намудани чунин конфронси бонуфуз арзи сипос менамоям, чунки ин чорабинӣ барои ҳал намудани мушкилоти маводи нашъаовар саҳми арзанда мегузорад.

Ашита Миттал – Роҳбари Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ.

Конфронси мазкур барои кишварҳои ҷаҳон як имконияти хуб аст, то ин ки дар якҷоягӣ оиди хатари ҷиддии муомилоти маводи нашъаовар сухан ронанд. Дар ин ҷо намояндагони кишварҳое ҷамъ омаданд, ки омодаанд, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба ба Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳодҳои мушаххас пешкаш намоянд. Ин аз иродаи баланди сиёсии кишварҳои минтақа шаҳодат медиҳад, ки онҳо омодаанд барои ҳалли мушкилоти Афғонистон саҳми худро гузоранд.

Пак Ҷай Ук – Директори Раёсат оид ба назорати маводи нашъаовари Прокуратураи Олии Ҷумҳурии Корея.

Ман аз даъват ба чунин конфронси бонуфуз арзи сипос менамоям. Дар ин конфронс ман ҳис намудам, ки кишварҳои ҷаҳон ва алхусус давлатҳои Осиёи Марказӣ барои мубориза бурдан бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бояд муттаҳид шаванд ва ин вабои асрро ҳар чӣ зудтар мағлуб намоянд.

 Фределик Ҳелон – Ҳамоҳангсози минтақавии миллии Агентии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ.

Интизории ман аз ин конфронс чунин аст, ки мо ҳамкории худро дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар беҳтар ва хубтар ба роҳ хоҳем монд. Барои он, ки ин ҳамкорӣ боз ҳам самараноктар гардад, кишварҳо бояд мбо якдигар нисбати гуруӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи корӣ намоянд.

Муҳаммад Ғалиб Алӣ Бандеша – муовини аввали вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Исломии Покистон

Мо дар ин ҷо ҷамъ омадем, ки дар якҷоягӣ ба як мувофиқа биёем ва масъалаҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ҳал намоем, роҳҳои ҳалли мушкилоти ин хатари ҷомеаро дар якҷоягӣ баррасӣ намоем. Хурсандиовар он аст, ки ҳамаи ҳайати кишварҳо бо пешниҳодҳои ҷолиби худ оиди роҳи ҳалли мушкилоти маводи нашъаовар омаданд. Ман боварии комил дорам, ки кӯшишҳои мо як натиҷаи мусбат хоҳанд дод.

Франческо Северио Маннотси – Муовини Раёсати Марказӣ оид ба мубориза бо маводи нашъаовари Италия.

Мақсад аз омадани мо ба конфронс ин пайдо намудани шиносоӣ бо шарикони стратегии мо дар ҷодаи мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, этимоди муштарак мебошад, ки ин барои имзо намудани ҳуҷҷатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, таҳияи ташаббусҳо дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар заминаи ниҳоят муҳим аст, хусусан барои минтақаи Осиёи Марказӣ. Конфронс барои ба танзим даровардани робитаҳо байни минтақаҳо, мубодилаи итттилоот ва таҷриба оиди ин масъалаҳо имконияти васеъ фароҳам меорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД