ТАШАББУСИ КИШВАРИ СЕРОБ БА ҲАЛЛИ МУШКИЛИ ОБ ДАР ОЛАМ

0
935

Кишвари мо, ҳарчанд ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад ва соҳиби беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Зеро бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рўбарў ҳастем. Гузашта аз ин, мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надорад.

Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нўшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, момардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем.

Эмомалӣ Раҳмон

Қабули қатъномаи Созмони Милали Мутаҳид, бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳоле роҳандозӣ гардид, ки дар тамоми рӯи Замин гармшавии саросарии сайёра ва норасоии рӯзафзуни оби тозаи ошомиданӣ ҷараён дорад.

Ҳоло дар сайёраамон аз лиҳози дастрасӣ доштан ба оби тозаи нӯшиданӣ аксарияти давлатҳо танқисӣ мекашанд ва ин амал шаҳрвандони ин кишварҳоро ба ташвиш овардааст. Дар як қатор кишварҳо ва мегополисҳо, яъне шаҳрҳои бузурги сераҳолӣ аз нокифоягии оби тозаи нӯшиданӣ трофикҳо, яъне лимити обро ҷорӣ намудаанд.

Зимни таҳқиқҳои олимон ва мутахассисони соҳа агар гармшавии кунунии сайёравӣ ба ҳамин минвол идома ёбад, пас, дар 20-30 соли оянда аҳолии тамоми рӯи замин нокифоягии оби тозаи ошомиданиро эҳсос хоҳанд кард ва аксарияти аҳолии қисматҳои марказӣ ва ҷанубии сайёраамон бо мақсади зиндагони кардан дар мавзеъҳои дорои оби тозаи нӯшиданӣ ба қисматҳои шимолии Замин муҳоҷир хоҳанд шуд. Тибқи омори пешакӣ дар ҳолати идома ёфтани гармшавии кунунии сайёравӣ ва рӯз аз рӯз афзудани талаботи аҳолии рӯи замин нисбат ба оби тозаи ошомиданӣ то соли 2050 бештар аз 500 млн. аҳолӣ ба саргаҳи дарёҳои бузург кӯч мебанданд, ки ин раванд нохушиҳои зиёди экологиро дар пай хоҳад дошт. Шурӯъ аз солҳои 50-уми қарни ХХ то ба ҳол 3 баробар аҳолӣ дар рӯи замин афзудааст ва дар ин баробар талабот низ нисбат ба оби тозаи ошомиданӣ бештар аз 3 маротиба зиёд гардидааст, ки беш аз пеш мушкилии норасоии оби тозаро сокинони тамоми сайёра эҳсос хоҳанд кард.

Мо метавонем бо муқоиса намудани харитаҳои ҷуғрофӣ ва геологии миёнамиқёс ва бузургмиқёси минтақавии як қатор кишварҳои ҷудогона шоҳиди рӯз аз рӯз камшавии оби нӯшиданӣ дар сайёраамон гардем. Яъне, дар харитаҳое, ки дар қарни гузашта таҳия гардидаанд, рӯдҳо бо хати обиранг, кабудранги яклухт ишора гардидаанд, дар харитаҳои замони мо бошад, маҳз дар ҷои ҳамон хатҳои обиранги яклухт хатҳои обиранги канда-канда бо тере-тере нақш ёфтаанд, ки дар ҷои рӯдхонаҳое, ки замоне пур аз об буданду то резишгоҳҳо рафта мерасиданд, ҳоло рӯдҳои камоби мавсимӣ ишора гардидаанд, ки дар баҳорон сероб гардидаву дар фаслҳои тобистону тирамоҳ хушк мегарданд.

Дар замони мо дар як қатор мамлакатҳои дунё корҳои омӯзишӣ ва ҷустуҷӯии геологӣ, геофизикӣ ва гидрогеологиро бо мақсади пайдо намудани ҳавзаҳои хурду бузурги обҳои нӯшидании зеризаминӣ ба роҳ мондаанд ва дар ин корҳо маблағҳои зиёдеро ҳам масраф менамоянд, зеро барои онҳо об яке аз канданиҳои фоиданоки арзишманд маҳсуб меёбад, дар ҳоле ки дар кишвари мо обҳои тозаи нӯшиданӣ дар сатҳ дар рӯи замин ба воситаи дарёву дарёчаҳо ҷорӣ гардида, дар баробари бароварда намудани ҳоҷатҳои аҳолии кишварамон давлатҳои ҳамсояи поёнобро низ шодоб менамоянд. Аз ин ҷост, ки бештар аз 60%-и обҳои Осиёи Миёна дар кишвари мо тавлид гардидаву аз он танҳо 15%-аш дар дохил истифода мегардад ва боқӣ ҳама то резишгоҳҳо ба кишварҳои поёноб чун Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ҷорӣ мегарданд.

Тоҷикистони мо аз захираҳои обӣ бой буда, дар он бештар аз 1400 кӯли хурду бузурги табиӣ ва зиёда аз 20 обанбори сунъӣ мавҷуданд. Дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон 8492 пирях дар масоҳати 8476 км2 мавҷуд мебошанд, ки овозадортарини онҳо ин бузургтарин пиряхи кӯҳӣ дар сайёраамон пиряхи Федченко мебошад. Ин пирях бо дарозии 77 км, паҳноии миёнаи 5 км, ғафсиаш то 1600 м, масоҳат 650 км2 ва бо дорои 50 шохоб тавсиф мешавад. Ғайр аз ин бештар аз 1000 дарёву дарёчаҳои кӯҳӣ, дар қаламрави кишварамон ба қайд гирифта шудааст, ки тӯли умумии онҳо ба бештар аз 30000 км расида, манбаи ғизогирии аксарияташон пиряху барф мебошад ва ин далели он аст, ки онҳо ба гурӯҳи дарёҳои мавсимӣ шомил намегарданд.

Дур намеравем, танҳо дар шаҳри Душанбе, ки бузургтарин нуқтаи аҳолинишин дар кишварамон мебошад, аз дохил ва атрофи он 5 дарёи пуроб – Варзоб, Лучоб, Душанбе, Кофарниҳон ва Элок мегузарад.

OLYMPUS DIGITAL CAMERA
OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Дар маънавиёту ахлоқ ва фарҳанги мо таваҷҷуҳ ба об дар гунаи ташнаеро об додан, заминеро шодоб гардонидан, биёбонеро ба гулистон табдил додан, хулоса, обу ободӣ ва некиву накукорӣ дар заминаи тараққиёт ва дастгирии ҳамдигарӣ аҳамияти бузурги ахлоқиву тарбиявӣ дорад. Барои ҳамин ҳам, тозаву пок нигоҳ доштани ин муъҷизаи ҳастӣ ва бохирадонаву сарфакорона истифода намудани он аз ҳар як инсони бошараф ҳам аз нигоҳи маънавӣ ва ҳам аз мавқеи қавонини давлати дунявӣ тақозо мешавад.

Ҳамаи он ишораҳое, ки дар боло ёд намудем, далели онанд, ки ҷумҳурии мо ба мушкили оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ нест. Аммо кишвари мо бо сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззам дар самти дастрасии аҳолии сайёра ба об бетараф набуда, барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта оид ба об пайваста ташаббусҳо нишон медиҳад. Ташаббускориву пешниҳодоти кишварамон ва қабули пайдарҳамии чаҳор қатънома аз тарафи Созмони Милали Мутаҳид: чун «Соли 2003 ҳамчун Соли Оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», «Соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аҳамияти умумисайёравиро дорад, ки ин шаҳодати бузургии Президенту халқи азизи мост.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД