Қиссаи як ҷавони нашъаманд…

0
2009

Ашхосе, ки ба гирдоби нашъамандӣ ғуттавар гардидаанд, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд то нафарони дигарро ба гурӯҳи худ шомил намоянд ва ин кор барояшон ба осонӣ даст медиҳад, агар қурбонии навбатӣ иродаи қавӣ надошта бошад……

Даҳшатнок не, балки аз ин ҳам бадтар ба сар мебарам. Хатои хешро дарк кардаю ба ислоҳаш қудрате надорам ба ҷони ҷавони хеш зулм кардаву орзуҳои ҷавониамро ба боди фанно додаам. Дар ҳоле, ки ҳамсолони ман ба зиндагӣ ва ояндаи дурахшони хеш бо чашми умед нигариставу баҳри зистан талош доранд, ман хеле хаставу залил ва дилсард аз зиндагиам….

Падару модарам ба тиҷорат машғул будаву ҳамеша мекӯшиданд, ки барои ман шароити хуби зиндагиро муҳаё созанд. Маро дар муасиссаҳои беҳтарини таълимӣ хонондаю соҳиб маълумот намоянд, оиладор кардаву дар ҳалқаи наберагон давлати пирӣ ронанд. Охир ман ягона фарзанди азизи волидон дар орзуҳои хаёлии модарам даврони пирӣ асои дасташ ва барои падарам нури дидагонаш будам.

Субҳи солеҳон модарам аз хоб хестаю барои ман субҳона омода намуда, худ ба бозор мерафт. Падарам бошанд барои харид ва овардани мол зуд зуд ба хориҷи кишвар сафар кардаву ҳафтаҳо он ҷо мемонданд. Ман бошам қариб, ки онҳоро намедидам. Падарамро хеле пазмон мешудам. Модарам бевақт аз кор баргаштаву то нимашабӣ андармон ба кори рӯзғор мешуданд ва маро таъкид менамуданд, ки дарс таёр кардаву китоб хонам.

Зиндагиам хеле якранг ва дилгиркунанда буд.

Шояд волидонам ин ҳолатамро ба хубӣ дарк менамуданд, ки ҳамеша барои киссахарҷиам маблағи зиёде медоданд. Ҳамеша таъкид менамуданд, ки танҳо барои ояндаи ман инқадар заҳмат мекашанд!

Аммо, ман аз овони кӯдакиам танҳо орзуи он мекардам, ки бо ҳамроҳии падарам боре ба моҳигирӣ ва бо модарам баҳорон барои тамошои гулҳои дарахтон ба зардолубоғ равем.

Дар баробари аз волидон ҳадяҳои гаронбаҳою пураарзиш гирифтанам, дар баробари ҳама шароитҳои хуби зиндагиро бароям муҳаё намуданашон, орзуҳои шояд барои касе хандаовар ва соддаи ман бароям дастнорас боқӣ монданд. Чунки волидонам барои ин вақт надоштанд ва ҳамеша ба ман ваъдаи фардо медоданд.

Гарчанд ҳамсабақону бачаҳои маҳалла ба зиндагии ман бо ҳавас дида медӯхтанд, ин зиндагӣ бароям писанд набуд, худро хеле танҳою ба касе нолозим эҳсос мекардам…..

Аз овони кӯдакиам бачаҳои маҳалла маро эҳтиром менамуданд. Чун, ки ман ҳамеша барояшон ҳаргуна шириниҳо мехаридам. Туб, дучарха ва дигар ашёҳоямро медодам, ки бозӣ кунанд. Дар овони наврасиам алакай ҷои бозичаҳои маро телефон, планшет ва компютер, ки бо шабакаи интернет пайваст буд, гирифт. Дигар онқадар зиқ ҳам намешудам. Ҳамеша бо ҷӯраҳоям дар интернет филму роликҳоро тамошо кардаву дер ба хона меомадам.

Аксарияти рафиқонам бо синну сол аз ман бузургтар буданд, ки носу сигор ва машруботи спиртӣ истеъмол менамуданд. Ва ин маводҳоро ба ман ҳамчун маводи безарар муарифӣ менамуданд. Оҳиста оҳиста майлам ба чокидани тамокӯ боло гирифт. Ба “дӯстонам” тақлид кардаю ман низ ба кашидани сигор шурӯъ кардам, ки баъдан ин рафтор бароям як рафтори муқарарӣ гардид.

Ҳангоми ҷомашӯи намуданаш модарам бӯи сигорро аз колои ман пайбурда, хеле сарзанишам намуд ва гуфт, ки ин рафторамро ба падарам мегӯяд. Ман аз ин таъкиди модарам тарсида, ҳар гуна баҳонаҳо пеш овардаю ӯро тавалло менамудам то ба падарам нагӯяд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Модарам сирри маро пинҳон дошт….

Ва ин хизматаш дар ҳаётам “Хирсона” гардид. Кош, модарам ин рафторамро ба падарам мегуфту падар сари вақт садди роҳам мегашт!

Аммо модари раҳмдилу муштипарам нахост, ки падарам маро “танбеҳ” диҳад. Ҳангоми дар сафар будани падарам шабҳо ба хона намеомадагӣ ҳам шудам. Боз ҳам модари раҳмдилам ин рафторҳоямро аз падарам пинҳон медошт…..

Ва ман бо сӯистифода аз лутфу меҳрубониҳои модар вақти таҳсил намудан дар синфи даҳум алакай худро як шахси комил эҳсос намуда, гумон мекардам, ки дигар ба тарбия ё насиҳати волидону устодон ниёз надорам.

Бо гузашти андак вақт бо ҳаргуна баҳонаҳо аз дарсҳо мегурехтагӣ шудам, бароям ҳамачиз дастрасу муҳаё буд. Дарсхондану мактаб рафтанро як ташвиши зиёдатӣ меҳисобидам.

Кӯшиш менамудам, ки худам ҳаётамро рангину беҳтар намоям. Аз пайи навгонӣ ва ҳаловати зиндагии хеш будам.

Рӯзе “дӯстонам” маро ба шабнишиние даъват намуданд, ки дар он ҷо духтарони хеле зебою дилкаш низ иштирок доштанд.

Ба хотири он, ки дар ин шабнишинӣ нафари аз ҳама ҷавон будам қариб, ки ҳамаи духтарон ба ман меҳрубонӣ намудаю таърифам мекарданд.

Он шаб хеле дилхушӣ намудем.

Ман ҳам пеши чашми духтарон намоишкорона ба рафиқонам пул медодам то, ки ҳаргуна анвои хӯрданӣ ва машруботи спиртии навъи беҳтарин биёранд.

Дар ин шабнишинӣ барои мо ҳама чиз муҳаё буд, ҳатто маводи нашъадор низ…..

Ва аз ҳамин рӯз иборат маводи нашъаовар ба ҳаёти ман низ ноаён ворид гардид. Гарчанд борҳо аз китобҳою қиссаҳо мутолеа карда будам, ки истеъмоли маводи мухаддир тақдирҳоро шикастаю ҷони ҳазорон нафарро аз байн бурдааст ва ин мавод то ба имрӯз ба ҳаёти касе некӣ наоварда бошад ҳам, ман ба хотири як маротиба эҳсос намудани таъсири он дар ҷисми худ ин маводро истеъмол намудам…..

Ва ин як бор тавонист, ки ҳаёти маро ба куллӣ тағир диҳад!

Ин мавод тавонист, ки маро ғуломи вобастаи хеш гардонад. Ҳар субҳ дар андешаи дарёфти вояи навбатӣ аз хоб бедор мешудам. Дамдузду одамгурез гаштам. Волидонам ба ин ҳол гирифтор шуданамро баъд аз гузашти як сол пай бурданд, ки хеле дер шуда буд!

Падарам аз модарам домангир шудаву ҳама айбу гуноҳи маро ба сари ӯ бор мекард.

Баъд аз ба ин ҳол расиданам модарам хеле афсурдаву парешонҳол гардид. Падарам гарчанд сарзанишам кардаву ба ман садо баланд мекард, дарун дарун сухтаву хокистар буд. Ман медонистам, ки бо ин рафторам волидонамро бадбахт гардондаву худро ба кӯи нестӣ мебарам. Аммо илоҷе надоштам. Агар ман ин заҳрро ёфтаву истеъмол намекардам, чизе аз дарун мағзу устухонамро мехӯрд, дарди ниҳоят тоқатфарсое тамоми ҷисми маро фаро мегирифт, ки онро гуфтан нашояд!

Акнун волидонам барои “тарбия” и ман вақт ҷудо намуданд. Маро дар хона табобат кардаю танҳоям намегузоштанд. Аммо ман дигар иштироки онҳоро дар тарбия ва ё зиндагиам муҳим намешуморидам. Падарам ба дастам завлона бастаю маро дар хона нигоҳ медошт. Пеши модарам мисли кудак ашк рехтаю ҳунгосзанон мегиристам, модарам наздам нишаста сарамро ба оғушаш гирифта баробарам зор зор мегирист ва аз ман тавалло мекард, ки ман аз ин роҳ баргардам ва худро бо дасти хеш нобуд насозам. Пеши модар қасамҳо хӯрдю ба ӯ ваъдаҳо медодам, ки дигар такрор нахоҳам кард ва хоҳиш менамудам, ки падарамро розӣ кунонад то маро аз завлона раҳо созад.

Аммо модарам аз куҷо медонист, ки ҳамаи зорраҳои ман на ба хотири раҳм бар модар балки барои дарёфт ва истеъмоли вояи навбатӣ буд, ки каме бошад дарди маро сабук мегардонд.

Оҳ модари зорам…….баъд аз ба ин ҳол гирифтор шуданам дар чеҳраат касе ханда ва ё лоақал табассумро надид! Ғуссаҳои ман туро аз ин олам ормонӣ бурд!

Баъд аз марги модар ман низ тарки ин хонадон намудам. Ғамбарорам танҳо маводи мухаддир буд. Дарёфти як воя дар назарам аз гум кардани модарам мушкилтар менамуд. Падарам дигар ба ман маблағ намедод, ёру дӯстонам ҳам дигар боварам надоштанд.

Аксарияти рафиқонам, ки якҷоя нашъа истеъмол менамудем аз заҳролуд шавӣ фавтиданд.

Кунун дар назди хешу таборон ва шиносон обурӯе надорам. Аксарияти ҳамсинфону дӯстони пешинаам агар дар кӯча бо ман рӯ ба рӯ оянд гӯё маро нашинохта аз барам мегузаранд ва ё худро аз ман канор мегиранд.

Ҳар ҷое, ки пеш омад шабамро рӯз мекунам.

27 сола бошам ҳам ба марди солхӯрдае шабоҳат дорам. Тамоми аъзои баданам дардманд аст. Либоси кӯҳнаи нафарони хайрхоҳро, ки аз дилсӯзӣ бароям медиҳанд ба бар менамоям. Аз гурӯҳи “дӯстонам”, ки ёздаҳ нафар будем ҳоло се нафар зинда мондаему халос. Ин гуна зиндагӣ ба дилам задааст, аммо илоҷе надорам….

Ман беморам!

Ба беморие гирифторам, ки пул додаву худро ба он мубталло кардаам.

Шояд дар ин қиссаи зиндагии ман волидон хатои хешро дар тарбияи фарзанди худ дар ёбанд. Аммо ман касеро гунаҳкор карданӣ нестам. Танҳо гуфтаниям, ки дар зиндагӣ барои ҳар нафаре меҳр, муҳаббат, навозишу дӯстдоштанҳо волотар аз ҳама дороист!

Ман намедонам, ки фардо аз куҷо пул ёфта, он дарди сабилмондаро, каме ҳам бошад, паст намоям…

Аммо ҳис мекунам, ки барои ман фардо вуҷуд надорад…

Бо эҳтиром,

НЕКРӮЗ

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД