ҶАЛАСАИ АМАЛИЁТИ «КУКНОР-2018» ДАР РАЁСАТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР ДАР ВМКБ

0
937

Баҳри дар амал татбиқ намудани супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор намудани амалиёти «Кукнор-2018»  рузи 18 майи соли равон дар бинои Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ  ҷаласаи Ситоди амалиёти «Кукнор-2018» баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони сохторҳои қудратӣ аз ҷумла намояндагони РКДАМ ҶТ дар ВМКБ, Хадамоти Гумрук, РВКД, РҚС КДАМ ва РАДМ ва МК дар ВМКБ  иштирок намуданд.

Сардори РАНМН дар ВМКБ полковники х.н.м.н. Ш. Давлатзода  дар баромадашон қайд намуданд, ки ҳадафи баргузор намудани ҷаласаи мазкур  дар ҳамоҳангии фаъолияти вазорату  идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди  вилоят, инчунин ошкор ва нобуд сохтани  растаниҳои нашъаовари худрӯй  мебошад.

Дар охири ҷаласа  Ситоди амалиёти Кукнор -2018 ба чунин хулоса омаданд, ки  баҳри ҳамоҳангсозӣ  ҷаласаи амалиёти мазкур дар ду марҳила  гузаронида шуда аз тарафи аъзоёни ситоди он ҷаласаҳои ғайринавбатӣ низ баргузор карда шаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД